Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мену хирад посух кард, ки он замин ношодтар (аст), ки дӯзах дар он карда шудааст. Ду дигар чун марди порсои бегу-ноҳро дар он бикушанд. Се дигар (замине), ки девону дуруҷон дар он рафтуой кунанд. Чаҳорум (замине), ки дар он буткада (бунёд) кунанд. Панҷум чун марди гунаҳкори бадкирдор дар он хона кунад. Шашум чун лошае дар зери он ниҳон карда шудааст. Ҳафтум (замине), ки ҳайвоноти зиёновар дар он лона доранд. Ҳаштум чун дар он ободониро вайрон кунанд. Нуҳум чун аз мулкияти некон ба мулкияти бадон расад. Даҳум (замине), ки дар он шиюну мӯя кунанд.
6. Пурсид доно аз Мену хирад, ки биҳишт чӣ гунаву чанд ва ҳаместагон6 чӣ гунаву чанд ва дӯзах чӣ гунаву чанд (аст)? Ва порсоёнро дар биҳишт вазъ чисту некӣ аз чист? Ва гунаҳкоронро дар дӯзах азобу осеб чист? Ва вазъи онон, ки дар ҳаместагонанд, чи гуна (аст)?
Мену хирад посух кард, ки биҳишти нахуст аз ситорапоя то моҳпоя, ду дигар аз моҳпоя то хуршедпоя ва се дигар аз хуршедпоя то гарудмон он ҷой, ки офаридагор Ҳурмузд барнишинад. Ва биҳишти нахуст ҳумат, ду дигар ҳухт ва се дигар ҳуваршт аст. Порсоён дар биҳишт бе озарму бемарг ва беғаму бебиму беосебанд. Ва ҳамеша пур фарраву хушбӯй ва хурраму дар оромиш ва некбахтанд. Ва ҳар замон боди хушбӯву бӯи ҳам-монанд ба буи гули испарҳам ба пазироии онон ояд, ки аз ҳар хушӣ хуштар ва аз (ҳар) хушбӯӣ хушбӯйтар (аст). Ононро аз будани дар биҳишт серӣ нест. Ва нишастану рафтану дидору ромиши онон бо Яздону амаҳраспандону порсоён аст. То ҷовидон равиш чунин аст.
Дар мавриди ҳаместагон ин пайдост, ки аз замин то ситорапоя (аст). Ва ҷуз сармову гармо ононро офати дигаре нест.
Ва дӯзахи нахуст душмат, ду дигар душҳухт ва се дигар душҳуваршт аст. Гоми чаҳоруми марди бадкирдор ба торик-тарин дӯзах расад ва ӯро ба наздики Аҳримани бадкор фароз барад. Аҳриману девон ӯро истеҳзо ва масхара кунанд, ки туро аз Ҳурмузду амаҳраспандон ва биҳишти хушбӯву хуррам чун мустамандиву гила буд, ки ба дидори мо ба дӯзахи торик афтодӣ, ки мо туро азоб кунем ва наомурзему дерзамон азоб бинӣ. Пас уқубат ва азоби гуногун бад-ӯ кунанд. Ва ҷойҳое ҳаст, ки дар гармӣ ҳамчун гармтарин ва сӯзонтарин оташ (аст). Ва ҷойҳое ҳаст, ки дарандагон ононро чунон пора-пора кунанд, ки саг устухонро. Ва ҷойҳое ҳаст, ки аз бадбӯӣ чунон аст, ки биларзанду биафтанд. Ва ҳамвора ононро торикӣ чунон (аст), ки ба даст метавон гирифт.
7. Пурсид доно аз Мену хирад, ки Ҳурмузд ин офаринишро чӣ гуна ва ба чӣ оин офарид? Ва амаҳраспандону Мену хирадро чи гуна ва ба чӣ (оин) бисохту бидод? Ва Аҳримани бадкору девону дурӯғпешагон ва дигар фарзандони (Аҳриманиро) чӣ гуна офарид? Ва ҳар некиву бадӣ ба мардумон ва офариниши дигар чӣ гуна расад? Ва чизеро, ки бахш шудааст, баргардонидан шояд ё не?

пешина
аз 314
навбатӣ