Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа
Пас нахуст гом ба душмат, ду дигар гом ба душҳухт, се дигар гом ба душҳварштан дарравад ва чаҳорум гом ба пеши ганоменуи (Аҳримани) бадкору дигар девон андар равад ва девон истеҳзо ва масхарааш кунанд, ки аз Ҳурмуздхудо ва амаҳраспандону биҳишти хушбӯву хуррам шиква ва гилаат буд, ки ба дидани Аҳриману девон ба дӯзахи торик афтодӣ, то мо туро азоб кунем ва наомурзему дерзамон азоб бинӣ. Ва ганомену (Аҳриман) ба девон гӯяд, ки сухан аз ӯ мапурсед, чи аз он тани гиромӣ ҷудо (шуда), аз он гузари бад омадааст. Барои ӯ нопоктарин ва бадтарин хӯришҳо аз он хӯришҳо, ки дар дӯзах парварда шудааст, оваред. Заҳр ва заҳри мору каждум ва дигар ҷонвароне, ки дар дӯзаханд, (оваранд) ва ба хӯрданаш диҳанд ва то растохезу тани пасин ба азоби бисёру ҷазои гуногун ба дӯзах арзонӣ дорандаш ва он ҷо бештар хӯрише бувад, ки монанди моддаи фосид.
Мену хиради зотӣ ба доно гуфт, ки он чи дар нигаҳдории тану раҳоиши равон пурсидӣ, ба хубӣ гуфтам ва андарз додам. Бад-он нек пардоз ва ба кор дор, чи ин туро меҳтарин роҳ дар дурустии тан ва раҳоиши равон (бувад).
2. Пурсид доно аз Мену хирад, ки родӣ беҳтар (аст) ё ростӣ ва ё сипосдорӣ беҳтар (аст) ё хирад ва ё дурустандешӣ (беҳтар аст) ё қаноат?
Мену хирад посух кард, ки барои равон родӣ ва барои ҳамаи ҷаҳон ростӣ ва ба Яздон сипосгузорӣ ва дар тани мард хирад ва дар ҳама кор ростандешӣ ва барои осоиши тану равон ва задани Аҳриману девон қаноат беҳтар (аст).
3. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом кори нек меҳтару беҳтар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки меҳтарин кори нек родӣ ва ду дигар ростӣ ва издивоҷ бо наздикон, се дигар ҷашни Гоҳонбор, чаҳорум ҳама (дастуроти) динро (ба ҷой овардан), панҷум парастиши Яздон ва меҳмонии мусофирон кардан, шашум барои ҳар кас некӣ хостан, некчашмӣ ба некон (кардан).
4. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом замин шодтар (аст)?
Мену хирад посух кард, ки замине шодтар аст, ки марди порсои ростгуфтор дар он хонумон кунад. Ду дигар (замине, ки) хонаи оташҳоро дар он кунанд. Ва се дигар он ҷой, ки говону гӯсфандон дар он хобанд. Чаҳорум замини киштнашуда ва нообод, (ки онро) боз ба кишту ободонӣ оваранд. Панҷум (замине), ки лонаи ҳайвоноти зиёноварро аз он бикананд. Шашум (замине), ки парастиш ва омаду рафти эзадон ва нишасти некон дар он бувад. Ҳафтум чун (замини) вайронро ободон кунанд. Ҳаштум чун аз мулкияти бадон ба мулкияти некон расад. Нуҳум чун бару самаре, ки бувад ба Яздону некон ва арзониён баҳра (диҳад). Даҳум (замине), ки оби зуҳр ва язиш дар он кунанд.
5. Пурсид доно аз Мену хирад, ки кадом замин ношодтар (аст)?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор