Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Пурсид доно аз Мену хирад, ки аз хӯроке, ки мардумон хӯранд ва пӯшоке, ки мардумон пӯшанд, кадом арҷмандтару беҳтар аст?
    Мену хирад посух кард, ки аз хӯроке, ки мардумон хӯранд, шири гӯсфандон беҳтар офарида шудааст. Чи мардум ва чаҳорпое, ки аз модар зода шаванд то замони хӯрок хӯрдан рӯидану парваришашон аз шир (бувад) ва бо шир зистан метавонанд. Ва агар мардумонро аз шири модар боз гиранд, ба шири гӯсфанд омӯхта кунанд ва дигар ононро нон ба кор наояд. Чи пайдост, ки мардумоне, ки дар Арзаҳ, Саваҳ, Фрададафш, Видадафш, Ворабарш, Воруҷаряшт9 ҳастанд, хӯрокашон шири гӯсфандону говон (бувад) ва хӯроки дигаре нахӯранд. Ва мардуми ширхӯр тандурусттару зӯрмандтар ва зоиши фарзандонашон низ бегазандтар бувад.
    Ва аз ғаллаҷот гандум меҳтару беҳтар гуфта шудааст. Чи сарвари ғаллаҷот аст ва аз Авесто низ номаш ба сарвари ғаллаҷот пайдост. Аз меваҳо хурмову ангур меҳтару беҳтар гуфта шудааст. Ва чун нон набувад, меваро бояд дуо хонд. Ва чун аз меваҳо хурмо ё ангур дуо хонда шавад, метавон ҳар меваро хӯрд. Ва чун нон набувад, он меваеро бояд хӯрд, ки дуо хонда шуда бошад.
    Дар бораи май пайдост, ки гуҳари некӯ бадро бо май метавон ошкор кард. Некии мард дар хашм ва хиради мард дар шаҳвати бадиангез пайдост. Чи ҳар ки хашм бар ӯ тозад ва хештанро битавонад нигоҳ дорад дар хирад ва ҳар ки май бар ӯ тозад ва хештанро битавонад нигоҳ дорад дар гуҳар, пажӯҳидан набояд. Чи марди некгуҳар май хӯрад, монанди ҷоме заррин ва симин (аст). Ҳарчанд онро беш афрӯзанд, поктару равшантар бувад ва андешаву гуфтор ва кирдорро нектар дорад ва дар (нисбати) зану фарзанд ва ёрону дӯстон нармтару ширинтар бувад ва ба ҳар кори нек кӯшотар.
    Ва марди бадгуҳар чун май хӯрад, хештанро аз андоза бештар пиндорад ва бо ёрон набард барад ва чирагӣ намояд ва масхараву истеҳзо кунад. Ва мардуми некро таҳқир кунад ва зану фарзанду банда ва парастори хешро биозорад, меҳмонии неконро барҳам занад ва оштиро бибарад ва хашмро оварад.
    Ва ҳар кас дар баандоза хурдани май ҳушёр бувад. Чи аз баандоза хурдани май ин чанд некӣ ба ӯ расад: чи хӯрокро (ҳазм кунад) ва оташи баданро биафрӯзад, ҳушу ёд ва тухму хунро афзояд ва ранҷро дур кунад ва чеҳраро афрӯзад ва чизи фаро-мӯшшударо ба ёд оварад ва некӣ дар андеша ҷой гирад ва биноии чашму шунавоии гӯш ва гӯёии забонро афзояд ва коре, ки бояд кард ва анҷом дод, равотар шавад ва дар ҷои хоб хуш хобад ва сабук бархезад. Ва аз ин рӯ некномӣ бар тан ва некӣ ба равон расад ва ӯ писанди некон бувад.
    Ва ҳар ки май беш аз андоза хӯрад, ин чанд андӯҳ дар ӯ пайдо шавад. Чи хираду ҳушу ёд ва тухму хунашро коҳиш диҳад ва ҷигарашро табоҳ кунад ва беморӣ андӯзад. Ва (ранги) чеҳраро баргардонад ва зӯру нерӯяшро бикоҳонад ва намозу ситоиши Яздон фаромӯшаш шавад. Ва биноии чашму шунавоии гӯш ва гӯёии забон кам шавад ва Хурдоду Мурдодро биозорад ва ба хоб майл варзад ва он чи ки гуфтану кардан бояд, нокарда бимонад ва ба душворӣ бихобад ва ба нохушӣ бархезад. Аз ин рӯ, хештан ва зану фарзанд ва дӯсту хешовандашро озурда ва андӯҳгин (кунад) ва душмани дарду ранҷовараш шод шавад. Ва Яздон аз ӯ хушнуд набувад ва бадномӣ ба тану бадкорӣ ба равонаш расад.
пешина
аз 314
навбатӣ