Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

189-190. Кадом дӯст беҳ? Он ки меҳрубонтар ва дар шигифтӣ ёртар.
191-192. Киро дӯст бештар? Онро, ки фурӯтантару бурдбортар ва чарбзабонтар (бувад).
193-194. Киро душман бештар? Абарманишону худхоҳон ва хӯрдагирону дуруштзабонон(ро).
195-196. Дӯсти ҷовидонӣ кадом? Кирдори нек. 197-198. Душмани ҷовидонӣ кадом? Кирдори бад. 199. Чист он чӣ, ки ҷовидон бипояд ва вайрон нашавад? 200. Некӯкории бештар. 201-202. Чӣ нектар? Нишастан бо некон.
203-204. Чӣ судмандтар? Нишастан бо доноён. 205-206. Чӣ нерӯмандтар? Забони ростгӯён. 207-208. Чӣ хуштар? Бебимӣ. 209-210. Ва чӣ бебимтар? Замони нек ва иҷрои вазифа. 211-212. Чӣ фаррухтар? Бегуноҳӣ ва некфарҷомии (зиндагӣ).
213-214. Ва чӣ оромтар? Бегуноҳӣ ва дар ҷавонмардӣ фурутанӣ.
215-216. Чӣ арҷмандтар? Дӯстӣ бо доноёну некон. 217-218. Чӣ равшантар? Кардаи доноён. 219-220. Ва чӣ фарохтар? Дасти родон. 221-222. Ва чӣ тангтар? Дасти хасисон. 223-224. Ва чӣ бартар? Оини бахшидан (хайр кардан). 225-226. Ва чӣ бамавридтар? Подоши некӯкорон. 227-228. Ва чӣ бемавридтар? Подоши гунаҳкорон. 229-230. Ва чӣ санҷидатар? Хоҳиши ҷавонмардони фурӯтан.
231-232. Чӣ хушбӯйтар? Некномӣ. 233-234. Ва чӣ гиромитар? Пазириши подшоҳону солорон ва навозиши ҳамаҳлону дӯстон.
235-236. Чӣ бадтар? Чашми ҳарисон. 237-238. Ва чӣ беҳудатар? Бахшиш додан ба носипосон ва пайванд бо бадон.
239-240. Чӣ тиҳитар? Дасти кодорон. 241-242. Чӣ ранҷноктар? Парастиши подшоҳони кинаҷӯй. 243-244. Чӣ тезтар? Андешаи ҳавасронон. 245-246. Чӣ душвортар? Будан бо бадон. 247-248. Чӣ нозуктар? Андешаи подшоҳон. 249-250. Чӣ бимноктар? Хашми подшоҳони бераҳм. 251-252. Чӣ вайронгартар? Донои бадгуҳар 253-254. Чӣ аҷибтар? Бадогоҳи некгуҳар. 255-256. Чӣ гаронтар? Андешаи паймоншиканон. 257-258. Чӣ ногувортар? Ҳамроҳӣ бо бадону бадогоҳон. 259-260. Чӣ бадтар? Нобоварӣ ва фиреб дар андеша. 261-262. Чӣ нармтар? Родии Яздон. 263-264. Чист он ки аз ҳар чиз бартар аст? Қазовати Яздон. Ҷовидон бод равони Бузургмеҳри Бухтагон ва он ҳама Кайониёну ялон ва мардумоне, ки ҷонсупорӣ барои дини маздиснон карданд. Ҷои эшон ҷовидон равшан бод. Чунин бод! Боз чунинтар бод! Анҷом пазируфт ба дуруд.
ДРАХТИ АСУРИК1
Ба номи Яздон

  1. Драхте рустааст дар саросари шаҳри Асурик 2. Бунаш хушк аст, сараш аст тар. 3. Баргаш найро монад, бораш монанд ангурро. 4. Ширин бор оварад Мардумон васнод. 5. Он дарахти буланд Бо буз ҳамнабард гардид, 6. Ки ман аз ту бартарам Ба бас гуна чиз 7. Ба Хуниросзаминам Дарахте нест ҳамтан. 8. Чи шоҳ аз ман хурад Чун нав бор оварам. 9. Киштиёнро тахтаам, Фараспам бодбононро. 10. Ҷоруб аз ман кунанд, Ки рӯбанд меҳану мон. 11. Ҷувоз аз ман кунанд, Ки кӯбанд ҷиву биринҷ. 12. Дамина аз ман кунанд Озарон васнод (барои Озарон). 13. Мукиам барзгарон [ро], Волинам кафшам бараҳнапоён [ро]. 14. Расан аз ман кунанд, Ки пойи туро банданд. 15. Чӯб аз ман кунанд, Ки греви гардани туро моланд. 16. Мех аз ман кунанд, Ки сари туро овезанд. 17. Ҳимаам Озарон[ро], ки сичат бирезанд (бирён кунанд). 18. Тобистон сояам Ба сари шаҳриёрон. 19. Ширам барзгарон[ро], Ангубин озодмардон[ро]. 20. Табангу аз ман кунанд Дорудон васнод. 21. Шаҳр ба шаҳр баранд, Пизишк ба пизишк. 22. Ошёнам мурғакон [ро], Сояам роҳгузарон[ро]. 23. Ҳаста бийафканам, Ба нуг бум рӯяд. 24. Агар мардум биҳиланд, чун маро на биёзоранд. 25. Бушам заргун аст То ба Рӯзи Ҷовид. 26. Он-к мардум Ки-шон нест майу нон, 27. Аз бори ман хӯранд, То сер [анбошта] шаванд. 28. Чун он гуфта шуд (Бусила) драхти Асурик. 29. Буз посух кард, Сар фароз ҷунбонд. 30. Ки: ту ки бо ман, пайкор дорӣ [ронӣ], Ту ки бо ман набард мекунӣ 31. Чун аз кардаҳои ман меш(у)навӣ, 32. Бувад нанг ави (ки бо) [ту] пайкор-т сухан ҳарза-т. 33. Дарозӣ, деви буланд, Бушнат монад ба гесуи дев. 34. Ба сари (оғози) даврониҶамшед Бад-он фаррух овон – 35. [Ки] Друҷдевон – Банда буданд мардумон[ро]. 36. Низ дарахти хушк дорбун [тана] Сараш заргунун-ш сабз будӣ. 37. Ту аз ин кардаҳо Сарат аст заргун. 38. Ба бор бурдан (бурдборӣ) сазад, Доно аз дужогоҳ. 39. То ба кай барам бор [бурдборӣ кунам] Аз ту – баланди бесуд. 40. Агарат посухе кунам, Нангам бувад гарон. 41. Гӯяндам ба афсон (?)
пешина
аз 314
навбатӣ