Зеҳн
Мероси хаттии бостон

Ҷилде аз силсилаи «Тоҷикон дар масири тамаддун» (Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази тоҷикшиносӣ, 2013). Дар он осори хаттии бостонии ниёгони тоҷикон – адабиёти паҳлавӣ («Бундаҳишн», «Ардавирознома», «Ёдгори зарирон», андарзномаҳо ва ғ.) ва катибаҳои шоҳони Ҳахоманишӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳот гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 314 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

141-142. Кӣ номдортар? Он ки ба мардумон некӣ карданро аз рӯи дод дорад.
143-144. Кӣ номитар? Он ки меҳтару пирӯзмандтар. 145-146. Кӣ пирӯзмандтар? Он ки дар кор бобарортар ва дар додгустарӣ некӯтар.
147-148. Кӣ осудатар? Он ки ӯро (фарзанди) шоиста ва зани ба хости шӯй дилхоҳ ҳаст.
149-150. Кӣ бурдбортар? Ниёзманди бечораву фурӯтан, ки дар сипосгузориву судмандӣ ва умеди бузург кӯшад.
151-152. Кӣ нохуштар? Кинвари озурда ва тавоно. 153-154. Кӣ андӯҳовартар? Шуи бимноку фарзанди дардкашида ранҷовартар.
155-156. Кӣ бимноктар? Шаҳриёри нозуку сангдил. 157-158. Кӣ андӯҳгинтар? (Каси) шоиста, ки ба ношоистагӣ расад ва нерӯманд, ки ба нотавонӣ расад, умедвор, ки ба ноумедӣ расад ва худхоҳ, ки фарҷоми кори ӯ расида бошад.
159-160. Кӣ дардмандтар? Тавоное, ки (ӯро) фарзанд нест ва донои шоиста, ки (ӯро) фарзанди ношоиста ва ранҷдиҳанда бувад, бар ӯ ноогоҳе фармон барад, некмарде, ки бар ӯ (каси) баде фармонраво бувад.
161-162. Кӣ озурдатар? (Каси) шоиста, ки ношоистае бар ӯ пирӯз ояд, доное, ки бар ӯ ноогоҳе фармон барад, некмарде, ки бар ӯ (каси) баде фармонраво бувад.
163-164. Кӣ меҳрубонтар? ...(он ки) хушумед ва бегуноҳ (аст).
165-166. Кӣ пушаймонтар? Худхоҳе, ки фарҷоми кори ӯ расида бошад. Гунаҳгоре, ки равони худ бишносад, фосиди пастхираду бениёз, ки дар суди носипосон бикӯшад.
167-168. Кӣ накуҳишмандтар? Он ки дар некие, ки бинад, носипос бувад.
169-170. Кӣ бадномтар? Он ки бадӣ карданро ба мардумон аз рӯи дод дорад.
171. Мардумонро дар ин гетӣ чӣ шоистатар намояд? 172. Он ки то тандуруст бувад, орзуи (хеш) бароварда созад ва чун танбемор бувад, дар дурустии тан ва чун тан дар ноумедӣ бувад, дар раҳоиши равон кӯшад.
173-174. Мардумон бештар чӣ орзу доранд? Ба хешкомӣ ва бениёзӣ.
175-176. Хешкомиву бениёзӣ чӣ бувад? Хешкомӣ ҳар чӣ орзу, ки бувад, ёфтан ва бениёзӣ (низ) дар ҳамин бувад.
177-178. Мардум аз чӣ ташнатаранд? Аз он ки умеди нек бад-он доранд.
179. Мардумон дар гетӣ аз чӣ бештар бояд андешанд? 180. Аз замони бадкирдори зишту дӯсти фиребкор ва шаҳриёри баду бераҳм.
181-182. Ва ба чӣ густохтар бояд будан? Ба замони неку кори нек ва дӯсти нофирефтор ва солори ҳамдини бахшоишгару додгустар.
183-184. Кадом замон беҳтар? Он (замон), ки дар он чирагиву нерӯву шаҳриёрии бадон кам бувад.
185-186. Кадом дин беҳтар? Он дин, ки доди Яздон, девии девон, музди кори некӯ, ҷазои гуноҳ дар он пойдортар ва роҳу равиш нектар ва кирдори нектар (дар он) аз рӯи дод бувад.
187-188. Кадом подшоҳ ва солор беҳтар? Он ки ба мардум дусттар ва дар баргузиниши замон беҳтар ва он ки некӣ ба мардумон (аз рӯи) дод кунад.

пешина
аз 314
навбатӣ