Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Таҷрибаи ҳаррӯзаи табобат нишон медиҳад, ки ҳолати шахсияти одами рӯҳан солим дар зери таъсири бемории қисмҳои алоҳидаи ҷисм метавонад хусусияти ғайритабиии патологӣ пайдо кунад.
Масалан, беморони меъдаю рӯда ба хусусияти зудранҷӣ ва бадқаҳрӣ, шахсони силкасал ба вазъияти димоғчоқӣ, касони касалии гинекологӣ дошта ба ғашкунӣ гирифтор мешаванд.
Бояд ба духтури клиника таъсири махсуси касалӣ ба ҳолати шахсият ва рафтори беморон маълум бошад, агарчанде табобати онҳо ба ӯҳдаи духтурони гуногункасб вогузор шудааст. Ҳамин тариқ, духтур ӯҳдадор аст, ки ҳамон ҳолати шахсияти беморро, ки дар давраи табобат ба ӯ хос мешавад, дарк карда тавонад.
Ҳамаи он чизе, ки аз рӯи мавқеи деонтологӣ дар бораи ҳолати беморӣ ва сиҳатии шахсият бояд дониста шавад, бо зарурияти доштани тасаввурот дар бораи аксуламали касалии бемор, яъне ҷароҳати рӯҳӣ сахт алоқаманд аст. Ҳар гуна таъсироти ба психика расонидашуда, ки ба воситаи психика хусусияти зараровар пайдо карданаш мумкин аст, ҳамчун таъсироти рӯҳӣ, «омили рӯҳӣ» баҳо дода мешавад. Ҳеҷ гуна шароити берунӣ бе алоқа бо аксуламали бемори мушаххас, ҳамчун ҷароҳати рӯҳӣ ҳисоб намешавад. Дар бораи таъсироти хуб, хурсандиовар ё ғамовар гуфтан мумкин аст, аммо ҷароҳати рӯҳӣ гуфта танҳо ҳамон ҳолатеро меноманд, ки одамро ба зуҳуроти муайяни касалӣ дучор мекунад.
Ҷароҳати рӯҳӣ – ин осебнокии экзогенӣ, «заҳролудшавӣ» аз ҳолатҳои нохуши бегона мебошад.
Ҳамаи хусусиятҳои он аз ду ҳолат таркиб меёбанд: аз тасаввуроту андешаҳо дар бораи гузашта ва аз ҳиссиёт, ҳаяҷон, аффектҳое, ки дар атрофи онҳо ҷамъ шудаанд. Бояд қайд кард, ки ин ҳолат ба ҳамаи одамон хос ва муқаррарӣ аст. Патология ҳамон вақт сар мешавад, ки ин маҷмӯаи

пешина
аз 223
навбатӣ