Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

муваффақият ноил мешавад, ки агар ин донишҳо ва таҷрибаи амалиро роҳнамои кори худ кунад. Ӯ дар он вақт на танҳо тартиботи ба ҳолати касалӣ ва табобат мувофиқро меёбад, балки муносибати беморро ба касалиаш вобаста ба хусусиятҳои фардии ӯ танзим мекунад.
Муқаррар кардани алоқаи дуруст бо беморони ҷисман касал, ки ба гурӯҳи шахсиятҳои ҷунунӣ ва «аксентуатсияшуда» дахл доранд, аз духтур санъати баланди касбиро талаб мекунад. Барои пешбинӣ кардани он, ки кадоме аз ин беморон дар натиҷаи ҳаяҷони сахт метавонад рафти касалии асосиро авҷ гиронад ва кадоме аз онҳо бо сабаби заифии рӯҳӣ ба сиҳатёбии худ бовар накарда, ба ҳолати ноумедӣ меафтад, ки дар натиҷа механизмҳои ҳимоякунандаи ҷисм аз фаъолият бозмемонанд ва он ба пешгӯии умумии беморӣ таъсир мерасонад, бояд духтур дар соҳаи психология дониши мукаммал дошта бошад.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни ҳар гуна касалии ҷисмонӣ ҳангоми ба рӯҳафтодагӣ майл доштани ин гурӯҳи шахсиятҳо мураккаб мешавад.
Шахси 35-солае дар вазифаи муҳандисӣ бомуваффақият кор мекард.
Якчанд сол пеш ӯ ба касалии сактаи дил гумонбар шуда буд, вале баъди ташхис кардан ин тасдиқ нашуд. Баъди чандин соли тарсу ҳарос ӯ ором шуд ва зиндагиаш ҷараёни муқаррарӣ гирифт. Ҳангоми дар осоишгоҳ (санатория) будан духтури рентгенолог ба ӯ мегӯяд: «Дили шумо ҳамчун латта будааст-ку». Ин суханон ба тақдири ин шахс нақши манфии ҳалкунанда бозиданд. Аз саломатии худ хавотир шуда, аз як духтур ба духтури дигар рафтан мегирад ва ҳамин тавр сол ба сол ихтисоси худро гум карда, то дараҷаи гум кардани қобилияти кории худ меравад. Ӯ баъди табобат дар дармонгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ба ҳолати аввалаи рӯҳӣ бармегардад, аммо хусусиятҳои хоси характераш боқӣ мемонанд.

пешина
аз 223
навбатӣ