Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

чизи мураккаб аст ва аз он чизҳои муҳим ва назаррасро ҷудо кардан мушкил аст.
Яке аз принсипҳои деонтологии кори духтури ҷарроҳ мубориза ба муқобили тарси бемор аз ҷарроҳӣ мебошад, ки он бисёр вақт сабаби ба ҷарроҳӣ рози нашудани беморон мебошад.
Ҳангоми касалиҳои шуш ва саратон сабаби ба ҷарроҳӣ рози нашудани беморон, набудани алоқаи дуруст байни ҷарроҳ ва бемор низ буда метавонад. Дар бораи мубориза бурдан бо тарсу ҳарос аз ҷарроҳӣ ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Гурӯҳе аз духтурон бар ин ақидаанд, ки ба тарсу ҳароси бемор диққат додан шарт нест, чунки доруҳои ҳозира таъсири пурзӯр доранд. Гурӯҳи дигар бар он ақидаанд, ки кам шудани тарсу ҳароси бемор ҷарроҳиро осонтар менамояд. Давраи аввали ҷарроҳӣ ин барқарор кардани алоқаи байни бемор бо ҷарроҳ ва омӯзиши шахсияти бемор мебошад. Таъсири рӯҳию ҷисмонӣ ба бемор пеш аз ҷарроҳӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми суҳбат бо бемор ҷарроҳ бояд зарурати амалиёти ҷарроҳиро фаҳмонда, беморро ба он умедвор кунад, ки ҷарроҳӣ бо хубӣ анҷом меёбад.
Аз нуқтаи назари деонтологӣ масъалаи аз тарафи бемор интихоб шудани ҷарроҳ хеле муҳим аст. Аммо ин чиз на ҳама вақт ба амал меояд, чунки мумкин аст, бемор ҷарроҳеро интихоб кунад, ки таҷрибаи дурусти ҷарроҳӣ надорад. Дар ин ҳолат бояд ба бемор барои интихоби ҷарроҳи пуртаҷриба ёрӣ дода шавад. Ҳалли ин масъала нозук буда, бояд ҳам ба бемор зарари рӯҳӣ нарасонад, ҳам ба иззати нафси ҷарроҳ нарасад.
Деонтологияи тибби ботинӣ (терапия)
Деонтологияи тиббӣ дар илми тибби ботинӣ хусусияти хоси худро дорост. Ин чиз ба доираи васеи масъалаҳои терапия (дармоншиносӣ), махсусан бо зиёд шудани номгӯи дорувор ва таъсиррасонии техникӣ ба бемор вобастагӣ дорад. Дар давраи ҳозира, вақте ки дар таҷрибаи ташхиси дард ва табобати духтури терапевт ба таври мунтазам усулҳои мураккаби тадқиқот ва табобат дохил мешаванд (тадқиқотҳои эндоскопӣ ва ультрасадоӣ), масъалаҳои нави

пешина
аз 223
навбатӣ