Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
фиристодани даъватнома бояд хеле эҳтиёткорона бошад, махсусан агар бемор дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ кунад, дар ин вақт бояд лифофаро муҳр зада, дар ягон ҷои он номи касалӣ ва муассисаи табобатӣ қайд карда нашавад.
Барои аз ҷои кори бемор маълумоти аниқ гирифтан, пеш аз ҳама майлу хоҳиши шахси касал бояд ба инобат гирифта шавад. Дар ҳолате ки бемор касалии худро аз ҳамкоронаш пинҳон доштан мехоҳад, бевосита аз ҷои кори ӯ маълумот гирифтан мумкин нест. Ин корро ба воситаи шӯъбаҳои ноҳиявии тандурустӣ иҷро мекунанд.
Дар ҳамаи мактубу маълумотҳое, ки аз тарафи муассисаҳои рӯҳию асаб дода мешаванд, бояд қайд карда шавад, ки ин ба кадом идора ё муассиса ва бо кадом мақсад дода мешавад. Гузоштани мӯҳр ҳатмист. Нусхабардорӣ, ба муассиса фиристодан, ба даст додан ва фошкунии маълумот манъ карда мешавад.
Ҳангоме ки шуъбаҳои табобатии рӯҳӣ дар дохили беморхонаи умумӣ ҷой гирифтаанд, роҳбарони он бояд маълумотҳоеро, ки ба беморони рӯҳӣ дахл доранд, дар бинои шуъбаи табобатии рӯҳӣ, дар ҷевонҳои қулфдор нигоҳ доранд.
Агар беморони майзада, нашъаманд барои табобати худ ҷиддӣ машғул шуда, ҳамаи гуфтаҳои духтурро ба ҷо оранд, он гоҳ сирри касалии онҳо низ пинҳон дошта мешавад. Дар бораи шахсоне, ки барои табобат аз майзадагӣ ба духтур муроҷиат кардаанд, фақат ҳангоми зарурат ба органҳои тафтишот маълумот додан мумкин аст.
Деонтология дар ҷарроҳӣ
Шахси бемор ҳамеша ба ғамхорӣ ва лутфу меҳрубонӣ муҳтоҷ аст. Беморе, ки бояд ҷарроҳӣ карда шавад, дар ҳолати тарс ва рӯҳафтодагӣ дар шахси ҷарроҳ қувваи ягонаи наҷотдиҳандаи худро мебинад.
Ҳар қадаре ки имкониятҳои илми ҷарроҳӣ баланд гарданд, талабот ба кори ҷарроҳон низ меафзояд. Муносибати байниҳамдигарӣ бо бемор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор