Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
охираш беморро хоб мебарад. Талқин дар чор зинаи аввали наркоз гузаронида мешавад: 1) пастшавии фаъолнокӣ ва ташаббуси умумӣ; 2) дигаргуниҳои эмотсионалӣ; 3) тағйирёбии шуур; 4) хоби рӯякӣ. Талқин дар дараҷаи чуқури наркоз ба амал оварда намешавад. Методикаи баёнгардида аз тарафи М.Е. Телешевская (1969) кор карда шудааст. Аз тарафи кормандони кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи проф. М.Г. Ғуломов (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) методикаи табобати беморони ба бангу нашъа гирифтор дар ҳолати гипнози наркозӣ пешниҳод шудааст. Ҳангоми ба ин тарз муолиҷа намудан доруи калипсол истифода мешавад. Муолиҷаи ҳолати пуршиддати эмотсионалӣ дар дараҷаи начандон чуқури наркоз гузаронида мешавад, ки ин имконияти нигоҳ доштани раппортро (алоқаи суханиро) бо бемор ба вуҷуд меоварад.
Ҳолати сатҳии наркози калипсолӣ бо вайроншавии мавқеъгирии бемор дар вақту макон, бо пайдо шудани тасаввуротҳои беҳад равшани биноии мазмунан ногувор тавсиф дода мешавад. Хусусияти муҳими ин ҳолатро имконияти муайян намудани алоқаи суханӣ ташкил медиҳад, ки дар рафти он таассуротҳо бо истифодабарии банг ассотсиатсия кунонида мешаванд. Ҳангоми бештар ифода ёфтани ҳиссиётҳои бемор, ки ба ин аксуламалҳои мимикӣ ва гуфторҳои алоҳидаи ӯ далолат мекунанд, ба ковокии даҳон бо воситаи асбоби махсус дуди тамокуи бангдоро мефиристанд. Дар баъзе ҳолатҳо барои шиддатгирии аксуламалҳои манфӣ ба бӯи нашъа 0,5 мл маҳлули 1-фоизаи апоморфини гидрохлоридро илова мекунанд. Гузаронидани чунин муолиҷа ба пайдо шудани ҳисси нафрату бадбинӣ ба банг мусоидат менамояд.
Талқинкунӣ дар ҳолати бедорӣ
Ин навъи муолиҷа як қисми муҳими муоширати бемор бо духтур мебошад. Онро ба сифати худталқинкунӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Пеш аз талқинкунӣ беморро ба моҳияти ин усул шинос намуда, натиҷабахшии онро мефаҳмонанд.
Ҳангоми талқинкунӣ бояд хусусиятҳои шахсии бемор, чигунагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор