Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Хонандагон дар охири синну соли мактабӣ протсессҳои маърифатӣ (идрок, хотира, тафаккур, хаёл) ва диққату нутқро пурра аз худ менамоянд. Мушоҳидаи навҷавон боз ҳам мақсадноку ботартиб мешавад, мушоҳидакорӣ ҳамчун сифати шахс тараққӣ мекунад.
Дар тараққиёти хотира роли бахотирагирии калимагӣ-мантиқӣ ва маъногӣ боз ҳам баландтар мегардад. Ҳарчанд хотираи ихтиёрӣ бартарӣ дошта бошад ҳам, вале бахотирагирии беихтиёр ҳеҷ гоҳ аз таҷрибаи хонандагони синфҳои болоӣ нест намешавад. Вай бо шавқу ҳавасҳои маърифатию касбии хонандагон алоқаманд шуда, характери махсусро пайдо мекунад. Хотираи ихтиёрӣ бо вуҷуди ин дар фаъолияти фаъоли маърифатии таълимӣ ва ҷамъиятӣ роли пешбарандагии худро аз даст намедиҳад. Азёдкунии калима ба калима, ки одатан бо роҳи такрор намудан ба амал меояд, дар ин синну сол маъмул нест.
Хонандагон равшан медонанд, ки дар кадом ҳолатҳо азёд кардани баъзе таъриф, қонун ва фаҳмишҳои қатъию аниқ зарур аст. Хонандагони синфҳои болоӣ нисбат ба наврасон аз усулҳои бахотирагирӣ васеътар истифода мебаранд.
Тавсифдиҳандаҳои асосии протсесси диққати хонандагони ин синну сол ба хотираи онҳо монанд аст. Ҷудонамоии шавқу ҳавасҳо интихобӣ будани диққатро муайян мекунад. Диққати баъдиихтиёрӣ ҳангоми устувор будани шавқу ҳавасҳои ҳаётӣ дар ин синну сол доимӣ буда метавонад. Дар ин давра дар баробари диққати баъдиихтиёрӣ аҳамияти диққати ихтиёрӣ низ меафзояд.
Хусусиятҳои кӯчонидан ва тақсимоти диққат ташаккул меёбанд ва тараққӣ мекунад. Хонандагони синфҳои болоӣ фаъолияти шуури худро якбора метавонанд ба якчанд объектҳои диққат баробар равона кунанд ва натиҷаи дилхоҳро ба даст оранд.
Зери таъсири ташкили махсуси фаъолияти таълимӣ дар фаъолияти ақлии хонандагони синфҳои болоӣ дигаргуниҳои қатъӣ рӯй медиҳанд.

пешина
аз 223
навбатӣ