Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

мазмунан фарқ мекунад ва ин ҷиҳат дар ташаккул ва зуҳуроти хусусиятҳои соҳаи ақлии шахс таъсири амиқ мебахшад. Мазмуни омӯзиш чуқуртар мегардад, фанҳои нави таълимӣ омӯхта мешаванд, ки онҳо асосҳои донишҳои илмиро дар бар мегиранд.
Фаъолияти таълимӣ ба фаъолнокию мустақилии онҳо, ба дараҷаи тараққиёти тафаккури назариявӣ талабҳои баланд мегузорад. Зиддияти байни дараҷаи фаъолияти таълимии аллакай ташаккулёфта ҳангоми омӯзиш дар синфҳои миёна ва талабҳое, ки ба синфҳои болоӣ пешниҳод карда мешаванд, қувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти ақлии хонандагони синфҳои болоӣ мебошад. Дар ин синну сол дараҷаи нисбатан баланди фаъолияти таълимӣ ташаккул меёбад, ки он бо инкишофи омӯзиши назариявӣ, малакаҳои худомӯзӣ, бо ташаккули муносибати нав ба омӯзиш, бо ташаккули ҷаҳонбинӣ ва шавқу ҳавасҳо алоқаманд аст. Талабот ба донишҳо, муносибати интихобӣ ба фанҳои таълимӣ ташаккул меёбанд, ки аз рӯи чунин хусусияташон муайян карда мешаванд: аҳамияти ҷаҳонбинӣ доштани предмет, аҳамияти маърифатии предмет, аҳамияти ҷамъиятӣ ва амалии предмет, алоқа бо касби интихобшуда, бо осонӣ аз худ намудани фанни додашуда, ки хонанда ба он уҳдабаро будани худро ҳис мекунад ва таълими хуби фанни додашуда.
Шавқу ҳавасҳои хонандагони синфҳои болоиро тавсиф намуда, қайд мекунем, ки маҳз дар ҳамин синну сол писарон ва духтарон шавқу ҳавасҳои махсуси устувори худро ба ин ё он илм, соҳаи маърифатию намуди фаъолият муайян мекунанд. Шавқу ҳавасҳои маърифатӣ характери нисбатан васеъ, устувор ва амалиро соҳиб мешаванд. Шавқу ҳавас ба техника, табиатшиносӣ, масъалаҳои ҷамъиятию сиёсӣ, проблемаҳои фалсафию ахлоқӣ (шараф), мақсадҳои ҳаёт, хушбахтӣ, ҳисси вазифашиносӣ, муҳаббат, дӯстӣ ба вуҷуд меояд.

пешина
аз 223
навбатӣ