Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ натавонист ангуштарӣ аз ангушт бикашад. Протей кўмак кард.
Искандар аз бемадорӣ ва аз дил нашудан дергоҳ ангуштарӣ дар мушт дошт. Ё аз ёдаш рафта буд ва шахси муносибро пайдо накарда, то бисупорад. Мазмун, намехост бидиҳад ё бахшад касеро.
Даст ёзид паси пушт ва аз хонаи тахт чизеро ҷуст. Вале наметавонист. Боз Протей кўмак кард. Мўҳри шоҳӣ баровард. Баъзе бад-бад нигаристанд ба Протей ва сурфида наздиктар ба шоҳ омаданд. Искандар чизе гуфтанӣ, наметавонад. Ба имову ишора низ фаҳмонида натавонад. Боз Протей фаҳмонд, ки шоҳро ба бистар бояд хобонд.
«На! Шоҳ фармуда, ки агар мемирад, андар тахт мирад...»
Рад карданд чанде хоҳиши Протейро. Вале Рахшон бархост ва фармуд шоҳро ба бистар гузаронанд. Ҳамчунон шуд.
Шоҳ ҳанўз мўҳру нигини шоҳӣ мушт мекард. Магар умедканда гашт, ки даст ёзида мўҳру нигин ба касе доданӣ шуд. Чанд тан аз наздик нишастагон даст бурданд, Протей пешдастӣ кард. Тири нигоҳҳо ба Протей дўхта шуданд. Рахшон фармуд:
— Шоҳ Искандар ворис дорад. Инро шумо аз ман хубтар медонед. Геракли аз хуни Искандар рўйидаро зебанда бувад ин мўҳру нигину тахту тоҷ.
Ва аммо тири нигоҳҳо омодагии ҷанги бузургро мемонд. Ва палонҷҳо шарик шуданд ба ҷанг, ки кадомеро чӣ расад. Пушту паноҳдорон садо баландтар мекарданд. Барзин ҳолиё низ писарро дуртар дошта меистод, ки шояд шоҳ Искандар чизе гўяд.
— Шоҳ Искандар мурдан нахоҳад ва тахту тоҷ касеро раво надонад!
Протей садо баланд кард. Чанде ба шўр омаданд:
— Агар шоҳ Искандар чунин мехоҳад, мўҳру нигин ўро бидеҳ!
Ва мағал шуд, ки анҷоми нек надошт.
Аммо шоҳ Искандар гирифтори дарду ҳоли хеш чизеро намедид ва садоеро намешунид. Танҳо аъҷўбаҳое андар фазо ўро андармон доранд. Искилети Бусефали вафодор ашк дар чашмони шоҳ овард, ки касе ёд надорад гиристани ўро: дар ҳаво мисли моҳии наҳангон гўшташро хўрда шино карда гузашт; аз дунболаш сар ҷудо, қафаса ҷудо, даст ҷудо, пой ҷудо устухонҳои асб як-як гузаштанд. Пасон фазо тира шуд. Болдорҳои сиёҳ аз қабили каргас фазоро пўшонида аз дунболи устухонҳои паррон омаданд ва як-як бо минқору чангол дошта болотар мешуданд ва аз авҷи фалак сангзорро дид карда устухонҳо раҳо мекарданд. Устухонҳо пуршаст ба сангҳо бархўрда пора-пора мешуданд ва мурғони устухонхор аз дунболи устухон сарозер чун санге омада ба сари устухони шикаста нишаста, пораи даркориро пайдо карда рост фурў мебурданд.

пешина
аз 411
навбатӣ