Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Искандар дид мурғи устухонхораро; сиёҳ, тарғил ва баъзе холи сапед доранд. Инҳо зўртар аз лошахўрон будаанд.
Ба назари шоҳ намирандаанд...
Вале ҳаракати сипоҳиёни бесилоҳ дур кард сурату симои ҳама гуна аъҷубаҳоро. Сипаҳсолори беҳушу ноҷунбон сояву суроби сарбозони бовафоро бидид, ки як-як аз назди ў мегузаштанд чунон ки аз назди тобути мурда. Сипоҳиёни мақдуниву юнонӣ рў ба лашкаркаши бузурги назъи ҷон об дар дида оҳиста, бесадо ва бехалал гом мезаданд...
Бусефали зинда пайдо гашт андар фазо. Бар асараш боз зулмот омад. Мурғони баднамо пеши равшаноиро гирифта даррасиданд ва якбора ба Бусефал дарафтода бардошта баланд бурданд ва ҳар кадом пора-пора пўсту гўшт канда, андар нўлу чангол пароканда мешуданд чунон ки солорони сипоҳу сипоҳиён баъди фавти шоҳ Искандар.
Январи 1992 – 16 апрели 2002.
Чун Искандар имрўз тамоми рўз маро хоб пахш кард. Хоб дидам, ки чаҳор тан ба кўҳ баромадем, то ба бўстонсаройи ИН равем. Роҳгум задем. Дар дасти ман халтаи коғазӣ. Андарунаш гўшти пухта. Сар-сари кўҳ хўрда-хўрда меравам. Порае ба даҳон бурдам, гандида буд. Дилам ғаш овард. Чаҳор тан боло меомаданд. Мо раҳро гум карда паст мерафтем. Аз роҳамон гашта рў ба боло овардем, ки он чаҳор тан пеши роҳамонро гирифтанд.
Роҳзанро мемонданд. Ман даруни халта корди дудама дидам.
Нафаре бо ман дастӣ вохўрӣ карда гузашт. Назди ҳамроҳи аз пас омада рафт, ки ў гардан шах дошта вохўрдӣ накард. Донистам, ки задухўрд мешавад. Корд аз халта бурун овардам... ва бедор шудам. ки андарунам ғалаён дорад. Ё маро бояд битарконад ва ё ба осмон бояд бибардорад...
15.04.2002

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор