Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама дида ба ранги заъфаронии шоҳ дўхта буданд.
Искандар чизе гуфтанӣ буд эшонро. Вале нотавонии хешро дарёфта, фурў рафт андар тахти шоҳӣ. Якбора боло шуданд «дўстон» аз фурў рафтани шоҳ.
Табларзаи шоҳ суст ва бартараф шуд. Ба сурфа гузашт нафаси тангаш. Сурфа зўртар буд аз мадораш. Сурфид-сурфиду хун партофт. Атрофиён умед канданд аз шоҳ. Умед танҳо аз худоён буд.
«Доред!»
Базўр баромад овозаш:
«Кўҳи Олимп... Олимп фурў...»
Дастонашро бардошт, ки чизеро боздорад. Аммо якбора ду даст афтид. Чунон ки бори гарони кўҳи Олимпро дошта натавониста бошад. Ў дид, ки чун оҳиста-оҳиста фурў хамид Олимп ва бо хок ҳамсон шуд. Оташи қуллаи он, ки гўё ҷасади оташгирифтаи Геракли қаҳрамон ҳанўз месўхт, хомўш мегардад ва оламро зулмот мепўшад. Чашм мепўшаду мекушояд. На Кўҳи Олимп, на ҷасади фурўзони Геракл, на оташ. Гўйӣ дунё набувад, гўйӣ одам набувад.
Чизе вуҷуд надорад ҷуз фазои сокит.
Беҷо шуд дарунаш; сари меъдааш. Сурфа оромаш надиҳад. Аз кунҷи лабаш хун шорид. Ғарора карданист, зўр надорад. Ҳамин қадар дарёбад, ки рўз оҳиста-оҳиста бадал ба шом гардад. Аз гўшаи олам зулмот пеш ояд ва пўшад рўйи заминро.
Бардоранд ўро, сари дил доранд. Хун туф кунад ў. Бадтарин дарди бедаво. Хобонанд. Чизе гуфта натавонанд. Роғ рафтани чашмонаш касеро ҷўяд. Ҳамхуне надорад. Шояд Гераклро ҷўяд.
Аммо ў ҳамроҳи модараш Барзин дар паси сипаҳсолорҳо.
Рахшонро шинохт. Даст ёзид. Рахшон дар пояи тахти ў нишаст ва дасти шоҳро молид. Шоҳ Искандар базўр нафас баровард:
«Ис... Ис-кан-да-р-ри...» дигар ҳарф гуфта натавонист ва се ангушт боло бардошт.
«Искандари Саввум ном гузорам писаратро?»
Шоҳ мижа ба ҳам таҳ кард.
«Искандар! Намууур!!!»
Фарёд зад Рахшон, ки ғарибу бекасу бекўй монд. Падар баъди ҷанги ҳиндувон ба Суғд баргашта буд. Бародараш андар сипоҳи шоҳ, шояд ўро баргардонида ба Суғд барад. Палонҷҳои дигар ово карданд. Мўя ва гўяи эшон асаре надошт ба гўши шоҳ Искандар.
Шоҳ нигини шоҳӣ меҷуст пўшидачашм, аммо ангушти нигиндорро пайдо карда наметавонист. Протей аз ин ҳол пай бурда, дасти рости шоҳро ба ангуштарии шоҳӣ расонд.

пешина
аз 411
навбатӣ