Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҷаллод! Забони ўро бибур!
— Ба чашм, Худованд!
— То забони шуморо набуранд, то чашматонро кофта нагиранд, то ҳалқаи дор бар гарданатон наояд, то зери офтоби тамуз маслуб нагардед, ҳушатон ба ҷояш наояд.
— Оре, шоҳ... Оре, Худованд!
— Ҳамаатонро аз паси сар гардан бояд зад ва забонатонро пас кашид.
— Арзанда бувад, Худованд. Мо ҳама ношукрему носипосем ва ба хидмати худованди мақдунӣ нарасем.
— Дидӣ! То сар наравад, ақл надарояд!
— Вале ҳарфи ман дигар, шоҳ.
— Чӣ? – ба «шоҳ» хондани Неарх эътиборе надода пурсид Искандар.
— Андар Юнон нооромӣ афзуда. Антипатр сар нафурорад Кратерро ва нияти бад дорад.
— Бурҳон?
— Антипатр ҳама писарон назди шоҳ фиристода...
— ... Назди Худо! Аблаҳ!
— Оре, Худованд...
— То аз даҳонатон хун нарезад, забонатон ба сухани нек нагардад!
— Антипатр писаронашро назди худованд фиристода...
— Чаро?
— Ба хидмати худованд. Аммо аз рўйи миш-мишҳо ғарази Антипатр дигар бувад.
— Чун?
— Бино ба шунидам, ҷосусанд...
— Ҷиммм, – ангушт зери биниву лаб оварда ва чашмон бузург дошта садо баровард Искандар. – Касе чизе нафаҳмад. Мушоҳида бикун. Зеро ту нав омадӣ, шубҳае набаранд. Базм хоҳам орост ба шарафи омаданат...
— Базми асосӣ баъди ишғоли халиҷи Порс, дарёи Араб ва баҳри Сурх барпо хоҳад шуд!
— Бовар дорӣ?
— Оре... оре...
Искандар ҷуз Неарх дўстони дигаре низ дошт чу Евмену Медий. Меболид бо эшон, вале огоҳ набуд аз бисёр корҳо. Аллакай чошнигари таому шароби шоҳ Иоллаи писари Антипатр сари Медийро гаранг карда ба ҳалқаи дўстони хеш дароварда буд ва ў чун гаравгон на аз Иоллай ҷудо гашта метавонист ва на сухане ба Искандар бурда.
Чун сипоҳ нав гашта, сарбозони гаравида ва бардаҳои муваққативу шартномавӣ ба Юнон расиданд, шоҳ пиндорад, ки хатаре ё балое андар сипоҳи ў намонда. Аммо таги дилаш сиёҳӣ дорад.

пешина
аз 411
навбатӣ