Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Надонад, ки аз чист. Гоҳ-гоҳ чунин рух медод: замоне ки мурғони зишту бадсурат аз авҷи фалак гардани дарозашонро хеле аз тан поён хамонда, хол-хол аз замин чизе ҷуста ва пойҳоро баробари гардан кашол карда, аз само ба арз мерехтанд, таги дилаш ғаш карда чунин сиёҳӣ мебаровард. Зеро Искандар оқибати «базми нохонда»-и онҳоро медонист. Аммо ҳоло бе сабабе чунин сиёҳӣ дорад таги дилаш. Фазоро набинад, мурғон набошанд, аз чӣ рў чунин ғаш кардани дилро надонад. Пешгўйиҳо як-як ба ёд оянд, аммо даст афшонда ҳамаро беҳуда донад. «Рафъ хоҳад шуд, ҳама мушкилот рафъ хоҳад шуд.» Зўру тавони пешинро дар назар дошта аз зеҳн гузаронад, ки пеши шамшери ў гиреҳҳои фўлодӣ кушуда шаванд. Ба назараш паси сар гашта роҳпаймоиҳо, деворшиканиҳо, қуфлкушоиҳо, кўшку коху диж гирифтанҳо, душманкўбиҳо ва ҷаҳонгирӣ. Кори осон монда дар пеш – то ватан расидан. Ин ҳама кам аст: шоҳи барр буд, шоҳи баҳр низ бояд бошад. Ҳаваси зиёди оламгирӣ ва худовандӣ ҳама чизро аз сари ў дур кард; ҳатто дўсту душман доштанро...
Писари бузурги дўстдушман Антипатр Кассандр ҳанўз барнагашта буд ба Юнон. Баъди он ки Искандар ўро пеши назари мардум сар ба девор зад, сахт кина гирифт ба шоҳ. Аз зуд-зуд во хўрдани Иоллай бо Медий дилаш раг зада, хешро наздик гирифт бо эшон. Аммо намеёрист ҳарфе бигўяд. Зеро медонист, ки Иоллай ва ҳам Медий сахт дилбаста ҳастанд бо лашкаркаш. Иоллай низ бефаровез будани даҳони Кассандрро дониста, дилёб намешуд, то бо ў ройсозӣ кунад. Кассандрро яқин буд, ки ин ду тани ниҳоят ба шоҳ наздик тавонанд ҳар кор кардан. Аз ин рў бо онҳо муомилаю муносибати хуб мекард. Ва баъзан хештан ба содагӣ мезад. Гирист он рўз, ки ҳарфаш ба бародар гуфтанӣ буд.
Иоллай: — Хомўш бош, Кассандр. Магар мард гиряд?
Кассандр: — Ҳо, мард гиря кунад дар чунин ҳолат, ки аз як бепадар лат хўрад. Магар надидӣ, ки сари ман чӣ гуна ба девор зад?
Иоллай: — Дидам... Чора гиря набувад. Ройи ман дигар аст.
Подоши бадӣ некист. Бадонро худоён ҷазо диҳанд.
Кассандр: — На, Иоллай. Агар худо бадро ҷазо доданист, илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ, нагузорад, ки онҳо бадӣ кунанд.
Иоллай: — Охир ту аз чунин кас, ки чӣ одам будани ўро ҳамагон донанд, шарм накарда, хешро худо хонад, чӣ некие чашмдор шавӣ?
Кассандр: — Ту бисёр чизҳоро нафаҳмӣ, Иоллай.
Иоллай: — Сабур бош, бародар. Бисёр нафаҳмам ҳам, андакандак фаҳмам. Ту аз ман бузургӣ ба сол. Андаке шитобзада ва баъзе рафторҳоят кўдакона. Бигзор худо занад ўро.
Кассандр: — Гуфтам-ку! Ба умеди худо машав, буттаро маҳкам бидор!

пешина
аз 411
навбатӣ