Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мўъбадони халдейӣ, марги шоҳро ёдрас кардани донишманди ҳиндӣ Калан ва пешгўии каромотгари эллинӣ Пифагор ва коҳинони мисрӣ ғаши ўро оварданд. «Наход ки худоён аз писари хеш рўй тофта бошанд?» На танҳо худоён, рўй тофтан ва зуъм кардани зану фарзандаш Барзину Геракл низ на корест хурд. Зеро дар чунин вазъ, ки дўсту душманро фарқ карда наметавонад, наздиконро дур кардани шоҳ хубие надошт.
Искандар ғазаб карду шўрид худ ба худ, вале он шўру шаре, ки аввалҳо дошт, ҳолиё набуд. Зеро хуни шоҳ кам шуда ва зўру тавонаш халал дида, ҷўшу хурўши пешин нест ва акнун ба кадом нерўе эҳтиёҷ дорад, ки дастгир гардад, мадад кунад. Лекин чунин ёрӣ аз ҷое нарасад; қурбониҳои вопасин низ мадад накарданд.
Чун бабри олуғда ба хурўш ояд ҳам, ситезад низ ҳам, суде надорад.
Умедаш бар он буд, ки худо шавад ва танҳо амру фармон карда оламро дар тасарруфи хеш дорад. Омад накард кораш. Ғазаб дорад. Боз аз дўстон касеро қурбон кардан хоҳад. Вале касе наздик наояд бар – ў ва дасиса накунад.
Неархи дарёгард баргашт назди ў. Гоҳе ки хашму ғазаби шоҳ дар пўсташ ва мағзаш нагунҷида ўро бардор медод, то кори чашмнадидае бикунад.
— Омадӣ, Неарх?
— Омадам, шоҳ!
Чунин пурсу посух хоси Искандар набуд, ки омадани ўро дида чун содалавҳон боз пурсад. Ё аз ҳад зиёд парешон аст ва ё дасту дил аз дунёву ҷаҳондорӣ шуста.
— Чӣ овардӣ?
— Сафинаҳо ва нохудоёнро.
— Чаро нохудоёнро? Бояд худоёнро меовардӣ.
— Чун?
— Ҳамон худоёнро, ки маро фаромўш кардаанд. Маро дар сафи хеш дидан нахоҳанд.
Неарх ҳайрон монд: «Магар коста ақлу ҳуши шоҳ?» Ва дилбардорӣ кард:
— На, худоён дар фикри писари хешанд. Ҳатто дарёҳоро ором гардонидаанд, ки шоҳ осуда баргардад.
— На! Маро шоҳ нагўй, писари худо нагўй, Худо бихон, то дигарон низ одат кунанд!
— Худои баҳр он қадар шароит муҳайё сохта, ки...
— Оё сафинаҳо зиёданд? Ҳама ғаниматҳо бигунҷонанд?
— Оре, шоҳ...
— Забонатро хоҳам бурид!
— Оре, Худованд... На танҳо ғаниматҳо, балки аҳли корвон ва сарбозонро...
— Бифармо боз ҳазор сафина бисозанд!
— Ба чашм, шоҳ!

пешина
аз 411
навбатӣ