Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

зиёд ва ёди бўйи Ватан мағз палағда кардаанд ва аз рўзи мурод дараке нест. Оё дар чунин ҳол дилёб шаванд, ки Искандарро худо хонанд?
Шоҳ Искандари Мақдунӣ баъди андешаи зиёд ва мулоҳизаи беандоза авфи умум эълон дошт ва беватанони асирро рухсат дод баргарданд ба Рум. Ва онҳоро бегуноҳ хонд, ки бо хости хеш ба Машриқ нарафта, балки зўран бурдаанд. Андешаи сулҳу салоҳ ва оштии умумӣ бояд мартабаи шоҳро дигар мекард. Манзури ў ин буд, ки дили ашхоси аз давлату давлатдорӣ хунук гаштаро гарм мекард. Бидуни чунин неккорӣ ва ҷавонмардӣ беҳӣ ва хубие пеш наояд.
Ва баҳори соли се саду бисту чаҳори то милод Искандар тасмим гирифт, ки нахуст дарбориёни шаҳри Шушро маълум кунад, агар ба чизе муваффақ гардад, пасон ба Юнон намоянда фиристад.
Қарор хуш омад аҳли дарборро. Баъд ў Никонори домоди Арастуро вакил хонд ва фиристод ба Юнон. Ўро фаҳмонду фармуд, ки гоҳи тантанаи ҷашни маъмулии Олимпӣ ба рондашудагон ҳуқуқашонро бифаҳмонад, то озодона баргарданд ба ватан.
Ҷашн барпо шуд. Тантана беназир буд. Бист тан аз фирориён ҳузур доштанд дар ҷашни Олимпӣ. Гоҳе ки Никонор фармони шоҳ Искандарро расонд, тарки ватан кардагон каллапўшҳо сўйи осмон андохтанд. Ба назари Никонор баъди чунин амри ҷавонмардӣ мартабаи Искандар боло шавад.
Баъди чунин фармон нооромӣ зиёдтар шуд андар Юнон. Аммо Искандарро писанд буд, ки ҳам кораш пешрав хоҳад гашт ва ин зарбае буд иттифоқчиёнро, ки кору нуфузу эътиборашонро ҳеҷ гардонд. Ба андешаи ў вақти он расида, ки талаб кунад худо хонданашро аз мардум. Ҷавонмарди сивусесола даъвои худойӣ кард.
Пайку пайғом рафт ба ҳар сў. Хушомадгўёну дасисабозон пазируфтанд чунин ҳаллу фаслро, душманон заҳрханд заданд, бетарафҳо ҳайратзада мекалавиданд, донишмандон бо сабру таҳаммул бурру дўз мекарданд. Бавижа Спарта, ки аз шўрои Иттифоқи Эллинӣ даст кашида буд, чун ҳамеша мўъҷазу густохона посух дод:
«Агар Искандар Худо шудан хоҳад, бувад!»
Искандарро гуфтанд:
«Шояд баъди сараш чун Геракл худо хонандаш?»
Посух дод:
«На! Ман мехоҳам Худои зинда бошам!»
Ва аммо хулосаи бисёриҳо чунин буд:
1 «Искандар худо на, апофеоз дониста шавад!»
Аввалин бор Искандар ноил нашуд ба чизе, ки орзу дошт.
Баъд ҳама пешгўйиҳоро ёд овард: пардапўшона таъкид кардани
- Апофеоз – худомонанд, худотарош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор