Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

гир шуд; саибаи душманони куштаашро гирифта буд, ҳолиё ҷуз ў соҳиби се зани нозанин, духтари Оксарти суғдӣ ва Дорои
1 Саввуму Охи бародаркуш. Сиёҳмушкини монанд ба Бусефал зери ронаш ва дунё зери пояш. Ба назараш ин ҳама ночиз, нокифоя.
Чизе намерасад ва шўҳрати оламгириашро коста мегардонад.
Дар чунин мақому мартаба бояд худо бошад. Ба андеша рафт дуру дароз. «Чун? Чун бояд расид ба мартабаи илоҳӣ?» Ўро зиёд гуфтаанд, ки нишони ялӣ дорад, таҳамтану рўйинтан бувад; багурда, говҷигар, шердил, хирсзаҳра; чолок, ҳушёр, тавоно, тезхун; шермиёну шербас, шерчанг, палангхашм, уқобнигоҳ; боақл, зирак, ҳушманд, ҷавонмард, сахӣ ва бемаргу анўша; Зевсхў, Гераклнерў, Аммонхислат, пок чун Аҳура Маздо...
Пас чаро Искандар Худо набошад? Ин кор ба фармону хости одамӣ нашавад, ки худояш эълом доранд. Ба талаб ва ҳунару накўкорӣ низ нашавад. Ў эъҷози худойгонӣ бояд бикунад ва мардум намоз оранд.
Искандар ҳолиё ҷуз падар ба касе монанд набувад. Падараш Файлақуси Дуввум низ даъвои худовандӣ дошт ва талаб карда буд: «Ҳайкали маро дар қатори дувоздаҳ ҳайкали худоёни юнонӣ гузоред!» Ва писар борҳо муқоиса карда кирдору рафтори хеш бо кирдору рафтори падар ва бартариҳои хеш дарёфта. Падар чандон дур нарафта аз Балкан, вале ў оламро тай зада.
Вазъияту ноҷўриҳои Юнон ва норозигиҳои сипоҳ ўро ба ташвиш оварда, ки розӣ мешуда бошанд ба хосту талаби шоҳ.
Антипатри худхоҳу худком, гарчӣ бо дархосту амри шоҳ ҷой ба Кратер вогузошт, ҳанўз аз рикоби кина пиёда нагашта; найранг афзояд. Дар Бобул пайдо гаштани писарони ў – Иоллай ва Кассандр бебало набувад. Ҳанўз асбоби марги Гефестион муайян нагашта, Искандарро мушкилаҳои тоза ба тоза сар ба дард меорад...
Иттифоқи Эллинӣ ҳолиё вуҷуд дорад ва Антипатри эҳтиёткор аз қонунияти он бурун наравад; бо ҳар роҳу равиш дасиса кунад, агар нашавад, ба сўиқасд гузарад. Вале Искандар дур аст аз Юнон ва ҳама кирдору рафтори Антипатрро надонад. Ба вижа аз кирдорҳои чунин Иттифоқ розӣ набошад. Онро пароканда дидан орзу дорад. Ва фирориҳои эллиниро сарҷамъ диданист.
Юнон оромӣ надорад: ё хориҷиён тохт оранд ва ё тоифаҳое пайдо гашта чун майнаи пурғазабу ҷангҷў лонаи мусичаи бегуноҳро хароб карда, тухми гузоштаашро аз баландӣ ба зер афканда, худашро ронда, соҳиби манзил гарданд. Ҳоло Искандарро расида, ки дар олам чунин юнониёни тарки ватан карда ва ё иҷборан хона ба душман гузошта кам набуванд. Даҳҳо ҳазор оворагардони юнонӣ хўру хоб надоранд дар ғурбат аз андешаи
- Ардашери Саввум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор