Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Мадд кард, моломол гашт. Аз кўҳҳои Ҳимолой он қадар об ҷорӣ шуд, ки роҳу раста намонд. Об киштиҳоро бардошт, ки ба сони бату моғ метофтанд. Об медамид. Пор сипоҳи хеш дар карона саф орост, то Искандарро имкони убур набошад.
Андар канори рост чанд фарсах болотар аз Дуоба Искандар омода буд барои гузар. Сипоҳе, ки рўдҳои Оксу Яксарту Политиметро убур кардааст, аз Гидасп низ гузаргоҳ хоҳад ёфт.
Лашкаркаши бузург бифармуд сафинаҳои канори рўдбори Ҳиндро ба соҳили наҳри Гидасп оваранд. Чунон карданд. Салу гупсару саноҷу ишкамбаҳоро ба кор бурданд. Ва ў чун медонист, ки душман дар рў ба рў сипоҳ ороста ва пилҳои зиёди ҳиндӣ девори пешгир шудаанд, усули набард дигар кард чун одат. Сипоҳи пиёдагарди сипаҳбад Кратер рў ба рўйи сипоҳи Пор рўддармиён бозмонд ва вонамуд, ки овард кунад. Искандар дастаи хешро сўйи болооб бибурд то се-чаҳор фарсах.
Ў чунон кард, ки дар ҳама набардҳояш мекард; касе огаҳ намешуд ва чашмдор набуд, ки Искандар ин бор чунин кунад ё чунон. Он шаб тамоми шаб раъд меғурриду тундар чароғак мезад; жола мебориду борон. Оби рўд медамиду мешўрид ва аз худу аз маҷро бурун мерафт. Дар чунин вазъи маҳшар Искандар аз байни анбўҳи дарахтон заврақу сафинаҳоро бар об андохт, ки касе гумон надошт. То субҳ бо машаққати зиёд дастаи ў убур кард рўдро. Раставу радда шуданд ва нигарон истоданд убури фавҷи саворонро. Салу амаду заврақчаҳои ҳамвор пайи ҳам рўдбори пурталотумро гузаштанд ва дар чунин тўфони нобаҳангом чӣ қадар саворони нобалад тўъмаи рўд гаштанд; чанд тан ношиноварон чу гупсар дам карданд, ки касе ҳисобашро намегирифт. Ҳамин қадар маълум, ки сипоҳи мақдунӣ чун моҳихўракҳо села-села бар соҳили душман мерехтанд. Чун дидбону раҳбонҳои ҳиндӣ огоҳ аз омадани адў гаштанд, бонги изтироб заданд ва Порро расониданд.
1 Панҷ ҳазор савор ва шаш ҳазор гипаспист ҳамроҳи пиёдагони чобук низ ба он карона гузашта буданд. Мақдуниёни аз размгоҳ ноогоҳ ба ҷанг омаданд, вале аз пеш шохобе баромад, ки касро гўр мекард. Саворон гузаштанд, пиёдагонро душворӣ пеш омад.
Низ убур карданд бо азобу машаққат. Ин замон даррасид сипоҳи Пор ва Искандару сипоҳи бехобӣ кашидаро ба воҳима овард. Ў пиндошт, ки ҳама сипоҳи Пор ҳамлавар гашта, канора кашид дастаи хешро. Чун дид, ки ҷуз саворону гардунаҳои низомӣ беш нест, орому осуда гашт. Ин фавҷи писари Пор буд. Гардунаҳо чунон суст ҳаракат доштанд, ки ба пойи сангпушт баста бошанд.
Ҷаҳонбон Искандар фурсат ғанимат дониста дастаи скифҳои аз озмун гузаштаро пеш андохт. Овард карданд. Чунон буд, ки
- Гипаспист – пиёдагони мусаллаҳ, ки ҳамроҳи шоҳ гарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор