Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Пор дар чунин гоҳу ҳолат набард кардани сипоҳи Искандарро гумон надошта, ғафлатзада монд. Чун скифҳои шимолӣ корзор карданд, Искандар ҳамлавар шуд аз пайи эшон ва дуд кард овардгоҳ. Шохоби Гидасп рангин шуд. Борон монда, охирин ғижобаҳо хунҳоро шуста ба оби наҳр меомехт.
Дер напойид ҷанги эшон. Писари роҷаи Пор кушта шуд.
Гардунаҳои ҷангӣ ғанимат афтоданд. Даставу гурўҳҳо пароканда гаштанд.
Искандар бовар накард ба чунин сурат гирифтани корзор.
Зеро шоҳи ҷаҳонпўй дар ин муддат бисёр чизҳоро диду донист, ки асбон аз пилон рам кунанд ва ҷанги пилони ҳиндӣ сахт бувад.
Аз ин рў фирор кардани сипоҳи Пор шоҳи мақдуниро рўҳбаланд кард. Пеш рафт, то рў ба рў шавад бо Пори саркаш. Фавҷҳои найзавару тирандоз равон гаштанд ба дунболи ў.
Чун хабари марги писар расид Порро, роҷаи бузург фаҳмид, ки бало наздик омада. То ҳол ангошта буд, ки Искандар чун ў дар ақибгоҳ мавқеъ дорад. Чун донист, ки шоҳи мақдунӣ ба ҷанг даромада ва писарро кушта, хашм гирифт, ғазаб кард ва аз нав лашкар фаро овард. Чаҳор ҳазор савор, сӣ ҳазор пиёдагон ва сесад гардунаи ҷангӣ фиристод ба ҷанги зидди Искандари мақдунӣ.
Дар ин миён роҷа Абисари Кашмирӣ, ки диранг карда буд ба кўмаку ёварӣ, пешомаду қисмати хешро андешида, сипоҳи зиёд фиристод ба иттифоқчиаш роҷаи Пор, ки камтар аз артиши ў набуд.
Чун Искандар сарбозони савораву пиёдаи беҳисоб ва бенизомро дид, бозистод, андешид: «Ниҳоят, хавфи бузурге пеш омада...» ва чора ҷуст. Боздошт сипоҳу саворонро, то нафас рост кунанд.
Сипаҳдори озмудаҷанг Искандар тарзу усули тозаи разм кор фармуданӣ буд, чун дид, ки ҳиндувон чандон набардошно наянд ва аз ҷангҳои искандарӣ ноогоҳ, ҳамлавар нашуд, балки таъхир кард то расидани душман.
Роҷаи Пор пилонро сафу радда орост андар қалбу пеш, саворон аз ямину ясор ҷой дод. Ту гўйӣ тамоми рўйи замини Ҳинд то домони уфуқ лашкар танида буд. Вале сахт ошуфтаву парешон буд Роҷа. Симои писари тозаталаф андар гавҳараки чашмонаш буд дилшикаста, бепаноҳ ва бекас. Танҳо оби дида сурати зебои писари ҳузабрро аз оинаи чашмаш мешуст ва боз пайдо мегашт.
Пилони дарозхартум садо мекарданд аз омади нохуш ва чашмони ниммурдаашонро сўйи асбони хасм танг медоштанд. Гўё тарафҳо ҷанг намехостанд, вале кадом нерўи аҳриманӣ ононро ба ҳам бархўронданӣ буд. Садои нақораву таблаку табира намеомад ва ё касе шайпур навохтан намехост...
...вале чунон шуд, ки Искандар қалбу талоя ба инобат нагирифта, пилони садди роҳ гаштаро сарфи назар карда яке ҳамла овард ба майсараи сипоҳи ҳиндувон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор