Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бахшид. Искандар қурбониҳо кард, сипоҳро зиёфат дод, базм орост ва эълом дошт, ки сафари Ҳинд оғоз хоҳад ёфт.
Шаҳрдор Искандарро бо нону намак пазируфт андар шаҳри Таксил. Шаҳр андар канори рўдбор ҷойгир буд ва деворҳои баланду зебое дошт. Чунон мавқеъ гирифта буд, ки кўҳҳои барфпўшу нуқрафоми Кашмир метофт. Шаҳри зинда ба савдо аз омади сипоҳи Искандар меҷўшид. Мақдуниён ва юнониён дар ин мулк чизҳое диданд, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ куҷо надида буданд. Шаҳрсозӣ дигар буд, меъморӣ дигаргуна буд; тарзи зиндагӣ низ. Мардум гўё ба табақаҳо ҷудо буданд: шоҳу гадо. Сокинонаш сияҳпўст буданд ва риши хеш ранг мекарданд; либоси пахтагин мепўшиданд; асбоби орову торояшон махсус буд, ки дар дигар мамолик дучор намеомад. Ҳар кадоме дар даст ё ҷайб оинае мегардонд. Раммолон ва фолбинҳо рўйи роҳҳо нишаста, касеро нигарон мешуданд. Аҷибтар он ки мардони камбизоат ва ниёзманд духтари хешро дар бозор мефурўхтанд ё ба занӣ пешкаш мекарданд. Оҳангҳои шўхи кўчаву бозориро меписандиданд ва ҳунар менамуданд: яке боду борону офтоби тамузи тобистон нагуфта рўйи замин мехуфт, дигаре ду пой паси гардан гузаронида менишаст; саввумӣ лангарчўб дар даст тамоми рўз якпоя мурғона меистод.
Искандар чун донист, ки ҳиндувон писари Зевси юнонӣ Дионисро худои хеш медонанд, дар ҳайрат афтод. Зеро фиристодаи Таксил дар Суғд Искандарро огоҳ карда буд, ки Гераклу Дионис дар Ҳинд будаанд, аммо нагуфта буд, ки онҳо писари худои Зевс Дионисро худои худ медонанд. Ҳайраташ афзуд, кунҷкобӣ кард, ҳама чизро донист ва аҳд кард, то корҳое ба сомон расонад, ки зиёдтар аз писарони Зевси барроқ шўҳрат пайдо кунад.
Дар ин миён роҷа Абисар ба шаҳри Таксил намоянда фиристод ба эҳтироми Искандар, вале худ наомад. Роҷа Пор саркашӣ кард аз итоати Искандар. Чун шоҳи мақдунӣ хешро шаҳриёри Таксил низ медонист, бе ҳеҷ ройсозӣ роҷа Таксилро ҳоким хонд ва ҳудуди мулки ўро фарох гардонд ва дар шаҳр фавҷу гурўҳу дастаҳои ҳарбии румиро ситод кард.
Роҷаи бузургу мағруру саркаш Пор дар канори рўдбори Гидасп омода шуд ба ҷанги Искандар. Ў ба кўмаки роҷа Абисар умед баста буд ва аз рўйи паймон дар мавридҳои танг бояд ба ҳамдигар мадад мекарданд. Аз ин рў Пор сарсина бардамонда ва мушт бар он кўфта ба мардум мефаҳмонд, ки ба ҷанги шоҳи ҷаҳон, баҳодури бедорбахт, Искандари оламгир мебарояд. Вале аллакай миёни мардум овоза шуд, ки Искандар низ яке аз писарони худои Зевс аст. Вале Пор садо медод, ки ҳоло аз ҷабри писарони худои юнонӣ озод нагаштаанд.
Ва аммо роҷаи тарсу Абисар Порро мадад накард...
... Чун дар афсонаҳо худои осмону замин ба кўмаки Пор расид: ончунон борону жолаву бод фиристод, ки рўдбори Гидасп дамид.

пешина
аз 411
навбатӣ