Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Бардоред аз миён ин махлуқи зиштро!!!» Коллисфенро аз миён бардоштанд ва овоза шуд, ки шабуш зада ва кирму кана карда мурд...
БАНДИ ДУВВУМ
Гоҳе ки Искандарро роҳи рафт гум буд; дар Суғду Бохтар бозмондан ва ё ба Мақдуниё баргаштанро равшан муайян накарда буд, аз номи роҷаи ҳиндӣ Таксил (Осиф) фиристода омад. Шоҳи мақдунӣ фиристодаро пазируфт ва аз боби Ҳинду мардумони он ва мулку мулкдорӣ зиёд пурсид. Фиристода хеле ба шавқ дар бораи мўъҷизаосо будани кишвари Ҳинд ва ба он ҷо омадани писарони худои барроқ Зевси юнонӣ – Гераклу Дионис ҳикоятҳо кард ва шоҳ Искандарро ангехт ба ҳирси доройӣ. Аз гуфтори фиристода баромад, ки симу зари Эрону Суғду Бохтар дар муқоисаи лаълу лоҷуварду зумуррад ва дигар сангҳои пурқиммати Ҳинд чизе нест. Пас Искандар андар зеҳн зиёд нақшаҳо кашид, пур андешид; имкони ба Иттифоқи Коринф ба ин зуддӣ нарасиданро дарёфт; вонамуд, ки танҳо аз омадани фиристода фикр мекунад:
— Муроди ту чист?
Фиристода қиссаи нав оғоз кард:
1
— Панҷоби Ҳинд се роҷа дорад: Осиф, Пор ва Абисар. Ин ду Пор ва Абисар бо ҳам муттафиқ гаштанд бар зидди Таксил.
Мудом арбадаву пархош доранд. Таксил сахт ба дод омада. Ва инак маро фиристод бо ҳазор урзу маънӣ назди шоҳи олампаноҳ.
Инак ин руқъаи роҷа, то гуфтаҳои ман тасдиқ гардад.
Чун Искандар аз нома огоҳ шуд, ки Таксил мададу ёрӣ мехоҳад, фиристодаро паймон баст, ки ба ёрии роҷа бирасад. Вале чун кўҳҳо барфгир буданд ва айёми зимистон лашкари зиёд сўйи Ҳинд бурдан осон набуд, шоҳ Искандар то баҳор бозмонд дар Бохтар ва чун нафаси баҳори соли се саду бисту шаши то милод заминро рўҳ бахшид, Искандар лашкар кашид сўйи Ҳинд. Роҷа ба пешвози Искандар омад то Ориё (Кобул). Ва ўро бо роҳе бурд, ки пеш аз ин шоҳ надида буд. Аз дижи кўҳии Аорни Бохтар то қасри кўҳии Аорни канори рўди Ҳинд.
Сипоҳи румӣ андар рўдбори Ҳинд хайма зад, зеро роҳи убургоҳе, ки миқдори зиёди сипоҳи Искандарро гунҷонад, набуд. Гефестиони сипаҳсолор сафинаҳоро оварда бар ба бар гузошт, то пуле гардад, нашуд. Пас оғозид ба сохтмони пули Ҳинд. Волии Таксил ёриву кўмаки зиёде кард, то пул зудтар ду соҳилро ба ҳам пайвандад. Роҷа мол, хўрокворӣ, қувваи бозў ва пилҳои зиёде
- Осиф баъд номи шаҳри Таксилро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор