Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

БАХШИ ДУВОЗДАҲУМ
БАНДИ ЯКУМ
Рўдбори Нимич аз самти шимолии Мароқанд убур мекунад. Ва дар ҳамин мавзеъ баробар мегардад бо мазраъҳо ва гоҳи селобҳову зуби яхҳо бурун аз маҷро гашта киштаҳоро мешўяд, гоҳ ба ин карона мезанаду гоҳ ба он карона ва аз Панҷакат то дарёободи Мароқанд мардум ҳар сол ба сохтани банду обшикан машғул мешаванд. Болообро мебурраду меканаду мешўяду жарф мегардонад, вале зари офтобрангу реги хокистариро дар ҳамвориҳо хобонида, худро боло мебардорад. Зар мефишонад аз боло, мебарад то Бухоро. Аз ин рў бархе Фушуни зарфишон хонандаш.
Хоки нарми регошурдаи Мароқанд самаровар бувад.
Барзин андар канори ин рўд аст ва гардиши обро мушоҳида дорад, ки мастона он сў раваду ин сў ояд. Дилшикаста ба писари аз оламу одам ноогоҳаш чизе нагўяд. Гўё ба тамошо оварда писарро ва бо ҳамин баҳона хобу хаёлашро ба об гўяд. Оби хинги рўд, дар тирамоҳ каму соф мегардад, ҳолиё кирои саргузашт гуфтан дорад.
Минўранг, вазнин ва хеле болаззат бувад; гўйӣ ғуборе напазирад дар хеш. Барзин безабон ҳама саргузашташро ҳикоят кунад ба ин пири хирад, ки аз офариниш то имрўз ҳама рухдодҳои ин сарзаминро донад. Фузунтар аз қиссаҳои Барзин. Хунҳои дар хок ниҳон кардаашро низ ёд дорад Нимич. Мурдаҳоро, бурдаҳоро...
низ. Ончунон ором резад сўйи мағриб, ки гаронтар аз ин сари пурмағзро гетӣ надонад.
Ва Барзин қисса кунад духти сипаҳсолори Порс буданашро; гўяд ба ду бародар зан шуданашро ва дар набардҳо фавтидани ононрову ба шоҳ Искандар расиданашро ва инак, ба чунин рўз гирифтор шуданашро… Баъди ба дидори падар ва бародарони гумкарда расидан; бавижа ба дидори падари сипаҳсолор, ки ҳама мурда мепиндоштанд, бахтгашта шуд ва андешаду ба рўд гўяд, ки кадоме хубтар: бо Искандар будан ва ё ҳамроҳи падар мондан?
… Ва чӣ шуда, ки шоҳ ёд накунад зану фарзандро? Ё феълу атвори ҳама шоҳон чунин бошад, ки навро бинад, кўҳнаро фаромўш кунад? «Бояд қад-қади ин рўд биравам то ғори Ҳурон ва маскан кунам он ҷо, ки на кас бинаду на кас бинам.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор