Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— А Геракл! Меравӣ?
— Куҷо?
— Ба ғори Ҳурон.
— Ғоли Ҳулон?
— Бале, писарам. Ҳамон ҷое ки падарат базми арўсӣ кард ва моро аз ёд дод.
— Зевс шавам?
— Бале, писарам. Зевс бишав ва ҳама дод биситон. Худоёни бадкорро ба адлу инсоф бихон.
1
— Лош! Ба он ғол лавем...
Барзин хандид, писарро ба сари дил пахш кард, то сиришкашро набинад. Ин гиряи гуна-гунаи зан, ки ба касе чизе нагуфта ҳама дарду аламро пинҳонӣ бо оби чашм барорад.
— Зудтар бузург бишав, писарам...
— Ана бубин, ман чӣ хел бузулг... – Нами чашми модарро дида карахт шуд писар ва бо ангуштони кўчак онро сутурд: — Гиля долӣ, оча? Аз чӣ лў?
— На-на! Гиря надорам, писарам...
— Аз балои шоҳ?
— На... Андеша дорам, ки Геракли ман кай ба қаҳрамониву диловарӣ мерасида бошад...
Заргўше аз беша бурун омада аз хавфи ҷондоре бо карона ҷониби онҳо метохт. Баногоҳ эшонро диду гардиши гурез кард, ки ба рўд зад. Дасту по мезад, то раҳо ёбад, вале танҳо гўшҳои бузургаш рўйи об метофт. Ва оҳиста – оҳиста фурў мерафт. Писар ҳавола хўрд сўйи заргўш ва аз гўшҳояш дошта беруни об кашид.
Модар ҳама чизро фаромўш кард ва ба ёрии писар тохт даруни об ва ҳамроҳ ҷонварро кашида аз об бароварданд. Чашмони бузурги заргўш, миҷаҳои дарозаш ва мўйлаби сиёҳи синониаш ҳавас ва завқи Гераклро оварданд.
— Ту Геракли ҳақиқӣ ҳастӣ, писарам. Ёдат ҳаст, Геракли қаҳрамони юнонӣ чӣ гуна аз пайи ғизоли зариншохи симинсоқ тохта, бо машаққатҳо онро дастгир карда, ба шоҳ оварда буд...
— Ман ҳам ин гўшдалозло ба шоҳ балам...
Барзин дарёфт, ки Геракл меҳр дорад падарро ва ҳоло бисёр чизҳоро дарку эҳсос намекунад.
— Шоҳро дўст дорӣ, писарам?
— Вай дўст надолад...
— Феълу хўйи ў чунин аст, писарам. Ҳатто падару модарашро дўст надорад. Вале ту бояд дигаргуна бошӣ. Ту низ шоҳзода ҳастӣ.
Надонам, ки падару модаратро дўст дошта тавонӣ ё на?
— Ман туло дўст долам, оча.

  1. Яъне рош – роҳӣ бишав.
пешина
аз 411
навбатӣ