Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят аз гаронии бори қаноат Рахшон кафид:
«Гуноҳи тифл гирифт моро...»
Искандар ҳатто нафаси вазнини гулўро дарун занонд; хеле андешид ва ба мазмуни ҳарфи ў сарфаҳм нарафта, пурсид:
«Кадом тифл? Кадом гуноҳ?»
«Беҳуда Барзину писарашро рондӣ... Худо донад, ки ҳолашон чун аст...»
Искандар посух надод. Дер андешид. Пасон мадд кашид:
«Рост... Худои Осмон Крон писарони навзодашро мебалъид ва оқибат аз дасти писари охиринаш Зевси Барроқ кушта шуд...
Фарҷоми нохуш... Чӣ бояд кард?»
«Шоҳро равшан аст. Шоҳи бохирад чӣ кор карданро донад.»
Искандар каф кўфт. Сарпос биомад. Шоҳ фармуд Барзину писараш Гераклро биоваранд. Рафтанд. Ҷустанд. Пайдо накарданд.
Сарпос бозомад:
«Шоҳо, пайдо нестанд зану фарзанди шумо.»
«Ту низ нопайдо!» сари ғазаб гуфт шоҳ, ки қурбонии навбатӣ буд. Баъд ба Рахшон рў овард: «Ту нопайдо будани онҳоро дониста чунин фармудӣ, Рахшон?»
«На, шоҳ! Ман аз қисмати онҳо огоҳӣ надорам. Аз рўйи кеши зардуштӣ донам, ки зану фарзандро хор доштан ба хорӣ барад.»
«Ту зани порсойӣ, шоҳи хубонӣ. На ҳар зан чунин рафтори нек кунад, ки ту бикунӣ».

пешина
аз 411
навбатӣ