Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

нигашта завқи хеш пинҳон дорад ва баъзан ба ситоиши бузургии олами сангӣ сар афшонад, ки зебост ҳар сангу буттаи Кўҳистон ва манзараҳои беназири он.
Хеле рафтанд ҳаловат бурдаву ҷилави асбҳоро кашидаву доштаву пеш зада. Ва Оксарт фармуд талояро хабар кунанд, ки ба рост тобанд инони асбон ва қад-қади шохоби шўх бираванд.
Ҳаваси Рахшонро дар тангроҳае рўдак рабуд, ки ду даста мўйи ғулливу ғафси об аз баландӣ шорида, ба сангҳои азими дар зер хобида ва гирдашон ушнабаста бархўрда чангаш ба ҳаво хезад ва бод орад ба сару рўй. Зеботарин нуса бувад, ки рўйи камар рангинкамонак гашта ин манзараро ба боғҳои минў шабеҳ гардонад. Рахшон намехост биравад аз ин ҷо ва фараси хеш пошна намезад. Балки Искандарро хоҳиш кунад ин ҷо бимонад ва дар радифи рангинкамон пуле бисозад аз ин кўҳ то он кўҳ ва бар он кохе бунёд кунад, ки кирои дурўза зиндагии инсонӣ бошад.
«Дидан дар пеш аст...»
Фармуд падар. Духтарро сахт расид, ки ноҷо ва нобаҳангом сухан кард ў. Хуш наомад Рахшонро. Сипоҳро дошта буданд дар роҳ ва шояд Оксарт ин чизро дар назар дошта хост пеш раванд ва ё духтарро сода напиндорад шоҳ. Ва муродаш аз пешрафтан дидани кўли баланд – Искодар буд. Ба ривояти мардум Панҷрўд. Инаш маълум: зери шахе аз панҷ ной об мерезад, ки намуди панҷаи кушодро дорад. Худи кўл азиму аҷиб. Чунон ки корсони бузурги олам пур аз оби минўйӣ. Осмону офтобу кўҳи баланди тори сараш низ андаруни он. Ҳатто шабҳои соф моҳу ситораҳо аз қаъраш метобанд. Гирдандар ҳама девораю гулу гиёҳ ё бутта вожуна бар он хобида, ки решаи бунёди кўҳҳои баланд бошанд.
Онҳо зери дарахтони рем хайма заданд ва сипоҳро гунҷоиш дошт мавзеъ. Искандар моту мабҳут буд ва зиёда аз ў Рахшон.
Лекин шоҳи мақдунӣ чандон воҳима надошт, худдорӣ мекард, ки ўро нодида наангоранд. Сипоҳиён завқу шодмонии хешро пинҳон дошта наметавонистанд. Муддате ҳама чизро фаромўш кард шоҳ. Баъд онҳо лаби об рафтанд. Диданд ҳама чизро андаруни кўл. Искандар даст бар он зад, ҳама чизи наздики даруни он гум шуд баробари ларзиш хўрдани об. Ў рўй шуст. Об равғанӣ тофт ба назараш.
— Ин кўл чӣ ном дорад? – даст ба рўй кашида пурсид шоҳ.
— Искандаркўл...
— Нешханд мазан!..
— Чӣ гуна нешханд? Падарро бипурс! – Сўйи хаймаҳо нигариста фармуд Рахшон: — Падар! Магар ин кўл Искандаркўл нест?
— Оре, Искодаркўл! – Чунон ки дар роҳ гуфтам, маънояш
– кўли баланд!
Садо дардод Оксарт ва пеш нарафт, то шоҳ таҳпурсӣ накунад.
Ва шоҳ фарқи ҳарфҳои ду номро пайхас нарафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор