Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ёдаш омад он рўз, ки гоҳи никоҳи зани дуввум падараш Файлақуси Дуввумро холи Клеопатр Аттали сипаҳсолор таъна зада буд ба ҳаромии Искандар. Он рўз ба сари шоҳи ҷавон омад, ки Геракли аз хунаш шударо дур кунад аз ворисӣ. Зеро Искандар чӣ будани духтари хонаро дар вуҷуди Рахшон дарёфт ва он қадар гирифтору масти тани нафисаи ў гашт, ки таъкиди Барзин аз ёдаш рафт: «Искандар, то замоне ки бо манӣ, хушбахту пирўзӣ, рўзе ки маро фаромўш кардӣ, ҳолу рўзатро худо донад.»
Искандари тавоно хуни гарму тез дошт ва дерёз дар ҷое қарор истода наметавонист; дар диж низ. Тасмим гирифт бурун равад.
Ва то гузаштани моҳи гулангубин набарду пархош накунад, балки сайру саёҳат кунад, беҳтарин ҷойҳоро бубинад. Рахшон хоҳиш кард, сайр кунанд то сароби Нимич. Зеро ситоиши манзараҳои кўҳистони Суғдро шунида, аммо надида. Хуш омад пешниҳоди Рахшон Искандарро. Ҳокими тозаҷулуси Суғд Оксарт пеш аз сафари шоҳ роҳ тоза кард ва қад-қади рўдбор рўзбонону намояндагони маҳалҳоро ҷо ба ҷо гузошт ва хонд, ки шоҳи ҷаҳонгир меояд. Кўч бастанд сўйи Сарвода ва Искодаркўл. Талоя пешопеш,
1 соқа аз пас ва гетайрҳо.
«Ин ҷо Фарғар ном дорад – шахҳои бошукўҳу баланд дорад, маъниаш низ чунин.»
Фаҳмониданд Искандарро. Ў низ мушоҳида кард, ки як фурсати танг чашми офтоб тобад аз паси шахҳои баланд, пас соя пўшонад роҳро. Кори рўди шўхи Нимич, ки бо мурури замон, шояд дар тўли миллионҳо сол, чун дандонаи арра шахҳоро хўрдаву бурида то ба қаър фаромада ва об дастнорас дар зер аст. Искандар ҳам болоро тамошо кунад, ҳам зерро.
Сатрапи Суғд Оксарт низ ҳамрикоб бувад бо шоҳу малика ва болидарўҳ, ки бо шоҳи ҷаҳон гардад, зеро падарон пирўзии фарзандонро орзу кунанд. Меболад ва кифоя донад, зеро зиёда аз ин чизе надонад аз таърихи сарзамини хеш мисли ҳама гуна ашрофзодаҳо ва асилзодагон, ки барои донистан ба дунё намеомада бошанд. Онон феъле доранд, ки дигарон гўянд ва эшон аз рўйи шунида амал кунанд. Ў як ҳарф гуфтанист: «Вайрониҳо аз дасти об... вагарна кӣ тавонад аз қулла то қаър чунин шахҳои азимро арра кунад?» Вале аз нигоҳи Рахшон рамуз гирифта чизе нагўяд, то ҳарфаш ноҷо набарояд.
Рахшони худованд ин қадар бо ҳавсала ўро зебову банур офарида ба шахҳои боло, ки аз нигоҳашон гардан ба дард ояд, дида дўхта ва гоҳо ба рўдбори шўху тезоб, ба чанги аз сар ба сангҳо задани он рўйида, шўшаи танаи шахҳо, шахҳои атласнусха
- Гетайрҳо – дастаи хосаи аз ёру дўстон мураттабёфта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор