Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Гулангубинмоҳ хуш мегузашт. Искандар фармуд киштӣ бисозанд, то онҳо аз назари ҳамроҳон дуртар рафта, рўйи тахтасангҳои он соҳил фароғат кунанд. То омода сохтани киштӣ тахтасанги сапеди рахҳои абрӣ доштаро савор шуда пиндорашон бар кўл шиноваранд, хешро аз ҳама гуна ташвишу нооромиҳои рўзгор канор медонистанд ва сафои зиндагиро медиданд. Рахшон худашонро даруни об воруна дида, хандид.
— Чаро хандӣ?
— На. Ханда на, завқ. Ҳурмузди Кабирро шукр гузорам, ки туро овард...
— Аз куҷо донӣ?
— Аз ту донистан хоҳам, ки рост бувад? Ё чизи дигарест, ки туро ба ин ҷо оварда?
— Бале. Оби Ҳаёт!
— Ва пайдо кардӣ онро?
— Магар... на?
— Ин аст? — кўлро намуда пурсид Рахшон.
— На! Ин аст! – Рахшонро оғўш карда гуфт Искандар ва бар тахтасанг хобонд.
Заврақчаи мурғобисохт оварданд, ки барой ду тан буд. Агар то миёни кўл равад, чу бат метофт.
— Шиноварӣ донӣ? – пурсид Искандар.
— На.
— Ба умед будам, ки ғарқ шавам, наҷотам диҳӣ.
— Наҷотат хоҳам дод, Искандар. Дар баҳр на, андар бар.
Тааҷҷуб кард Искандар, ки Рахшон чун коҳинон пешгўйӣ кунад.
— Пешгўйӣ низ кунӣ?
— На. Одате дорам: ҳар чӣ аз дил гузарад, бар забон орам.
— Аз дилат гузашт, ки мо ғарқ хоҳем шуд?
— Бале, гузашт.
— Пас, нанишинем?
— Рой шоҳрост.
— Дили шоҳ гўяд: нишинед!
Нишастанд. Искандар барои таҷриба нишаст. Рахшон ҳаросида, пойи тар бар заврақ ниҳод ва такон хўрда пойи дигар бар заврақ гузоштанӣ шуд. Заврақ якпаҳлў гашт ва ҳардуро ба зер гирифт. Хандон буданд ҳар ду ва Искандар Рахшонро бардошта боз бар тахтасанг бурд.
— Гуфтам, коҳинӣ дорӣ. Дар лаби оби мусаффо туро коҳин хонам ва аз ҳарфат берун наравам.
— Бисёр чиз бой додӣ, Искандар.
— Бошад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор