Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тўл кашид базм. Искандар ёд накард аз гетерҳо. Барзину писарашро ҳам напурсид. Балки сархуш буду хушнуд ва даст боло мекард: «Бинавоз!» Ў каси азиятдида, шалпаргашта, рўзгоркўфтаро мемонд, ки имрўз ба хушӣ расида, чу оби шўрхўрдаи ташнагиаш нашикаста, алорағми ҳама ташвишу нокомиҳо фароғат мекарда бошад.
Баъзе суғдиён андеша доштанд, ки шоҳи бемулк арўс ба шабистон бурда натавонад, саропардаи шаҳраки ҳарбиро Барзину писараш банд кардаанд, аз ин рў шабро дар ин дижи бекасу бесоҳиб рўз кардан хоҳад.
«Ту беназирӣ, Раксана! Ҳама умр туро ҷустам, дарёфтам... Оби Ҳаёт ту ҳастӣ. Ҷовидона бод Арастуи бохирад, ки маро аз пайи Оби Ҳаёт фиристод!» Ба назари Рахшон ҳама чиз, ҳама кас бегона метофт. Ҳатто падараш, ки аз ваъдаи шоҳ даҳонаш воз монда ҳадди майгусориро надонад. Диж ҳам, суханҳо ҳам, оҳангҳо низ ҳам бегона метофтанд. Вале дигарон хушнуду хушҳол. Худро ба мастӣ зада ҳама чизро аз ёд додаанд. Баракс Рахшон аз зану фарзанди Спитамон ёд мекунад, ки ҳамроҳ буд дар ғори Ориёмаз ва куҷо шуданд, ки дигар надид. Одат карда буд бо онҳо. Ардашерро навозиш карда мегуфт, ки пайгири падар шавад. Ва пешонабанди ранги офтоб доштаро дар сари писарак аз нав баста, тамошо мекард, ки чӣ банур аст ин кўдак. Ҳолиё ҳоли онҳоро аз касе пурсида натавонад. Ва касе надонад ҷуз Ардашеру он шубон.
Гоҳи кўфту лату кушу тираву телаи даҳонаи ғори Ориёмаз зара дарёфта буд, ки ба дасти сарбозони мақдунӣ афтад ва ё Искандар аз савдои модару писар огоҳ гардад, рўз нахоҳад дид. Шояд худашро ягон сарбози заннодидаи мақдунӣ ба занӣ гирад, вале писарашро аз хуни Спитамон, охирин тухма аз оли Ҳахоманиш гуфта, шоҳ ба шиканҷа кашад. Зиёд андешид зара. Рўҳан низ зиёд азоб кашид. Ба таги кору ҳол нарасид. Ҳатто то омадани Искандар шабҳо дар хоб азобу уқубату шиканҷаҳо медид ва хории писарро тоқат карда натавониста чун модашер ба душман дарафтид ва подоши амал аз сарбозони омада дид. Доду фарёд зада ҳамаро нороҳат кард ва тарсида хеста, оҳи ҳасрат кашид... Ва акнун андеша дар сари оянда дошт. Аммо он гоҳ, оне ки тира-тира худро ба нодонӣ зада сарбозҳоро низ ба варта меафканданд, ў фурсат боб дониста, писар оғўш карда пинҳонӣ аз чашми дўстон худро ба варта андохт... аввал ба санге бархўрд. Писарро боло дошт.
Миёнаш шикаст. Ғел гашта ба хамӣ зад. Боз писар боло буд. Ин дафъа тахтапушт зад ба санг ва дамаш дарун афтида, як-ду ҷунбид ва пой дароз кард. Ардашер чизе хабар надорад ва паҳлўи модар мурдаосо хобида буд... ё хоб буд ё беёд буд ва ё худро ба хоб зада буд, ки гоҳи як чизи вазнин бар тахтапушташ бор шудан чашм кушод. Як чизи сиёҳи баднамо дар пушташ часпида ду-се бор пойҳояшро бардоштаву монда дурусттар ҷой гирифт. Ва нўл дароз кард, ки ба чашмаш минқор занад, бачча ҷунбид ва он паррандаи бадафти сиёҳ бархост.

пешина
аз 411
навбатӣ