Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт тарсид бачча ва аз паси он нигоҳ кард. Уқоб медонист онро, вале намедонист, ки каргаси баднияти лошахор аст.
Баъд рўболо шуда гирд гаштани мурғони бадафтро дар фазои баланд, паст, пасттар, сари сангҳо, рўйи мурдаҳо дида, ҳайрон монд ва намедонист чӣ кор карданро. Ба модари ноҷунбон ва бенафас нигариста ўро хобида пиндошт ва ба гиря даромад, то бедор шавад. Аммо модар чизеро дарку эҳсос намекард:
«Нана! Нана! Бихез, дер хобидӣ... Ин уқоби баднаморо бубин, тори сарамон мегардад. Минқораш каҷ, чанголаш тез. Воҳимаангез. Худо нишон надиҳад, ки ба чашмам занад... Бихез, нана!
Ҳама рафтанд. Э Худо! Нана! Нанаҷон! Ман метарсам! Бихез!
Онҳо бисёранд. Сари шахҳоро нигар. Ҳо зоғҳо барин, ки шохи чормағз менишастанд... Нана! Онҳо рафтанду дигар барнагаштанд.
Ту дуру дароз хобидӣ.»
Баъд Ардашер бадани модарро даст-даст кард. Он гармие, ки вақтҳои оғўш гирифтанаш эҳсос мекард, ҳолиё набуд. Чашмони модар боз, сўйи осмон менигарад, ба назари писар «уқобон»-и зиёдро, гирду ҷувозак гаштани онҳоро, сангосо сўйи замин хамиданашонро ва паси сангҳо нопадид гаштанашонро мебинад.
Тамошо дорад, аз ин рў ба писар чизе намегўяд. Ҳамин тавр андеша дорад, зеро ҳолиё мурданро намедонад. Шунидааст, аммо надидааст, ки мурда чӣ гуна бояд шавад.
Пасон, вақте ки шув-шуввв аз пеши чашму бари гўшаш гузаштани мурғонро дид ва дилашро ваҳму тарс фаро гирифт, дигар тоқат карда натавонист. Зиёд дод зад; фарёд зад. Агар чун ў ягон каси аз сари бора парида зинда монда буд миёни сангҳо ё садо дода буд ва ё бархоста кашолу молон то ин ҷо расида ва аз сари шаху харсангҳо сар бардошта дида ва ё чизе гуфта буд. Аммо садое нест.
«Нана! Нана! Нана!» аз шах акси садои худи ў меояд ва гумон дорад, ки ҷуз ў боз каси дигар ба чунин ҳол афтода, ки модарашро ҷеғ мезанад. Дарозо гўш медиҳад, ки садо меояд: намеояд. Такрор мекунад: «Нана! Нана! Нана!» ва мешунавад. Аммо надонад, ки чист; чунон ки маънии мурданро надонад. Надонад, ки одам бимирад ва колбади тиҳии ў ба чизе лозим нашавад.
«Кишк!» гўё ба сараш нишаста бори гарон мешуда бошанд, даст аз баногўш пушт бурда меронад лошахўронро. Беихтиёр чунон ки Искандар мурғони хаёлиашро меронд. «Кишк!» бо дасти дигараш меронад. Зеро ў гоҳи бархоста ба атроф нигариста аз ҷонзоде мадад хостанаш дид, ки мурғони каҷминқор чӣ гуна бар касе бор шуда, ҳамдигарро танг карда меронанду мепарронанд ва ба чашму гўшу лабу рўйи майит нўл мезананд ва пўсти ўро кашида медарронанд ва пўшокашро низ бо минқор кашида-кашида пора мекунанд ва хўрда-хўрда поён мераванд.

пешина
аз 411
навбатӣ