Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Пасон бар суфачае нишастанд, ки барои ҳокиму ашрофзодаҳо месохтанд. Рў ба рў мутрибону ромишгарон нағмаҳои румиву суғдӣ навохтанд, гўйӣ ромишгарони чандин вақт боз аз ҳунари хеш дам гирифта ба тааннӣ ба авҷ мерасиданд ва шодмон буданд, ки шоҳ шамшер ба об афканда дигар хунрезӣ накунад ва дар рўзҳои наздик ба ватан баргарданд.
Искандар шароби суғдӣ мехўрд, ҳарчанд ашрофзодаҳои суғдӣ ба эҳтироми асилзода Оксарт шароби арғувонии суғдӣ оварда буданд, ў майи ноби юнониро авло медонист ва эмин аз ҳар гуна хатар. Оксартро низ пешкаш мекард, то аз шароби юнонӣ хўрад. Ҳолиё Оксарт аз тарафи рости шоҳ менишаст ва Рахшон аз паҳлўи чап, ки ба дили ў наздик бошад.
Базм тафсид. Искандар сархуш буд. Бархост ва фармуд:
— Оксарти некдилро сатрапи Суғд мехонам!
Ғуғула боло шуд. Магар ба оташ равған рехтанд, ки аланга гирифт ва равшан кард жарфноро. Садоҳо баланд гаштанд:
«Шод бош, Оксарт!»
«Хуҷаста бод Оксарт!»
«Поянда бод Искандари бемаргу анўша!»
Искандар фаромўш кард ҳамаро, ҳатто ваҳми дар жарфно буданро. Гўё дунё аз они ўст, касе ҳад надорад ва ё наёрад даст ёзад ба дижу сипоҳи ў. Сархуш бархост Искандар. Гетерҳои соҳибҷамолро дархост кард, то битафсонанд базмро. Аввал надонистанд чӣ гўянд шоҳро, то осуда гардад аз ваҷҳи гетерҳо, сонӣ фаҳмониданд, ки баъзе гетерҳо ҳамроҳи Барзину писараш бозпас бирафтанд ба шаҳрак. Магар шоҳ базми арўсиву Рахшонро фаромўш карда буд, ки шерона наъра зад:
— Биоваред онҳоро!!!
Осемасар гаштанд. Касе намедонист кӣ бояд иҷро кунад фармонро. Афтоданд дар такопў. Искандар ҳоло ба худ наомада буд ва мағзаш хуб кор намекард, ки чаро гетерҳо ҳамроҳи Барзин рафта. Зеро онҳо унс гирифта буданд ва хубиҳои ин зани зираку доноро медонистанд. Вақтҳои ба набарду корзор рафтани Искандар онҳо ҳамроҳи Барзин буданд ва писарашро чун доя парасторӣ мекарданд.
— Бинвозед!!!
Навохтанд. Вале гетерҳои соҳибҷамолу доно ҳозир набуданд.
Ҳар кӣ сархуш буд, ба майдон омад. Искандари махмур каф мекўфт, ки гўё гетерҳои нозанин мерақсанд. Гаштаву баргашта ба Рахшон менигарист шоҳ, то ҳунари онон бубинад ва қоил гардад. Рахшони зирак дарёфта буд ҳоли шоҳро ва сар меҷунбонд, ки қоил аст. Дар амал базми арўсӣ набуд, балки базми майгусории лашкари Искандар буд, ки арўс баҳона шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор