Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва зан дандон ба ҳам фишурда, ларзида, чашм ба чашми шоҳ дўхта чунон ки сайду сайёд бошанд, ғазаби чун ғамбода дамидаашро кафонд:
— Ҳазорон ҳазорро бегуноҳ дар ҷойгаҳаш, хонааш, ҳарамаш, кўшку кохаш, андар батни модараш… мекушанд, боке на; касе додхоҳ намешавад... Якеро, тароҷгареро, қотилеро куштам, додситон мешаванд...
— Туро кӣ омўхт чунин ҳарфҳо?!
Зан андар шигифт шуд, ки чаро сахт расид ҳарфаш шоҳро.
Пасон хурсанд гашт, ки тираш ба ҳадаф расид. Кинояашро шоҳ пай бурд.
— Бигўй, ки чаро куштӣ!? – ҷўшид Искандар.
— Шоҳо! Онеро, ки куштам, бародари туст?
— На! Бародари ман набошад! Вале шоҳ қисмати ҳар нуфусро ҷавобгар бувад.
— Бори гарон бар дўш бардоштайӣ, шоҳ... Агар мақтул бародари шоҳ аст, қасд биситонад аз ман. Агар бегона бувад, бозпурс накунад қотилро.
— Ай зан! Кистӣ, ки шуҷоат мекунӣ? Худхоҳ ҳастӣ ва багурда менамойӣ.
— Ман хоҳари онам, ки андар набарди Херонея кушта буданд...
Инак қасди он ситонидам...
— Ай зан! Магар он тороҷгар буд кушандайи бародари ту?
— Чӣ фарқе? Ҳамайи шоҳон, ҳамайи тороҷгарон, ҳамайи қотилон, ҳамайи пархошҷўён, ҳамайи бадон ба ҳам монанданд..
— Ай зани бебок! Ҷойи сари баланди ту дори баланд аст...
— Хуш фармудӣ...
— … вале чун фурсат танг аст, сари сўҳбат надорам бо ту. Зан ҳастӣ. Шуҷоъ метобӣ ва сияҳпўшу сўгвор метобӣ, маъоф мекунам туро...
— Баройи чунин ҳимматаш ва миннаташ сипосгузор наям аз шоҳ... Агар сари ман лойиқи дори баланд аст, бояд дар он баландӣ бошад..
— Ай зан! Ай зани рўйинатан! Ман баройи сари баланди ту ҳиммат баланд надорам. Ҳиммати баланди ман баройи ҳарфи туст. Ту бояд донӣ, ки миёни шоҳон низ одилон ҳастанд. Ҳама шоҳонро ба як санг бар кашидан нашояд...
Ҳар кӣ бо мақдуниён сари ҷанг дошт, баъди ба хок яксон шудани шаҳри Фивайи вилояти Биотия даст аз нияти хеш шуст ва роҳи оштӣ ҷуст. Волиёни юнонӣ саркўб карданд саркардагони чунин ҳаракатро ва касе наёрист дигарбора сар бардорад. Отиниён низ роҳи муросо пеш гирифтанд ва назди шоҳи ҷавонбахт пайк фиристоданд. Даҳ тан буданд онҳо. Демади суханвар сарвар буд эшонро. Фиристодаҳо сарони Искандарро хушоянд буданд. Аз ин рў шоҳ хуш пазируфт пайкҳоро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо