Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳ Искандар фармуд асири фивӣ Клеадро андар маҷлиси Шўро бихонанд. Биовардандаш, Клеад аввал зуъм дошт ба гуфтор, гўё кар буду кўр. Чун муроди шоҳи мақдунӣ дарёфт, ба сухан пардохт:
«Гуноҳи ҳамватанони ман он нест, ки қиём карданд баройи озодӣ, гуноҳашон ин аст, ки марги дурўғини шоҳ Искандарро рост пиндоштанд. Ва чунин пиндори беасос сабаб шуд, ки шаш ҳазор ҷавонмардони ватанпарастро талаф диҳанд... ман андар қатли пирону занону кўдакон ҳарфе гуфтанӣ наям... Зиёдтар аз ин ҷазо нахохад буд баройи ошўбгарон. Хоҳиш ин аст, ки шоҳи ҷавонбахт ба шаҳри харобгаштаву пирони заъифу занони барҷомонда ва кўдакони ятимгашта мурувват бикунад...».
«— Ин асири кўрнамак ба ҷойи он ки ҳамватанонашро муттаҳам донаду маъоф бипурсад, ошўби фивиҳоро дуруст меҳисобад...».
— Ман аз шоҳи ҷавонбахт бипурсам, ки тараҳҳум бикунад пирони барҷомонда ва занону кўдаконро...
— Баредаш!!!
Ва баъд ба пардасаройи шоҳ Искандар зани шуҷоъу бовиқор Тимоклайро оварданд ба бозпурс. Чашмони оташбор, сари баланд, сарсинайи дамида ва гардани фароз дошт зан. Сияҳҷурда, сияҳмўй, сияҳабрў, резадандон буд. Мўяш парешон, чашмонаш аз пешина каме фурўрафта, лоғар, нохунонаш расида. Чунон мерасид ба назар, ки ноумед аз гетӣ, аз рўзгор, кину нафрин дорад ба ҳама чиз.
Шоҳ Искандар бадиққат менигарад ба зан, ки шояд чизе бигўяд, талабу дархосте бикунад, аммо зуъмӣ метобад зан. Шоҳи ҷавон дар чеҳрайи ў чизеро дарёфт, ки дар ҷамоли модараш Олимпиада мушоҳида карда буд, аммо равшан фарқ карда наметавонист, ки дар чист он монандӣ. Шояд ҳамин зуъм, сарбаландӣ ва ғурури ў бошад, ки ҳатто назди шоҳ сар андохтан намехоҳад.
— Ту куштӣ ҷанговарони тороҷгари фракиявиро? – ба мақсад наздик шуд шоҳ Искандар.
Аммо зан посух надод. Ҳарчанд гуноҳи ўро ёдрас кард, зан чизе нагуфт, зеро гумон накарда буд, ки баройи чунин гуноҳ додгустарӣ мекунад. Ба назари зан додхоҳиву додгустарийи шоҳ нобарҷост.
Тимоклай ба нуқтае менигарист якзайл мижа таҳ накарда; нигоҳаш аз сари дўши шоҳ гузашта ба дебойи чинийи хайма бармехўрд.
— Чаро куштӣ? – шоҳ вонамуд мекард, ки кори саҳл нест қотилийи ў.
Боз посух надод зан. Нописандона идома медод нигоҳашро.
Искандар ғазаб кард ва даст бар қабзайи шамшер бурд:
— Чаро куштӣ?

пешина
аз 390
навбатӣ