Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Войизи суханпардоз Демади диловар лаб ба сухан во кард:
— Пирўзӣ муборак бод шоҳи бузургро! Чун шоҳи ҷавонбахт андар ҷанги фивиён банд буд, отиниён натавонистанд пирўзийи ўро бар трибаллиҳо, иллириён ва дигар қавму қабилаҳойи «барбар»-ийи шимолӣ хуҷистабод гўянд. Чун шоҳи фархундапай бар фивиёни паймоншикан чирадаст омад, отиниёни босипос барору пирўзийи гурди дилогоҳ, писари Зевси раббулнавъро фархунда бод мегўянд ва шоҳиро бар ў зебанда медонанд!
— Офарин Демади суханварро! Зинда бод отиниён! Поянда бод Юнону халқи он!
— Сипосгузор ҳастам аз пазиройийи шоҳи ҷавонбахт ва шодбошийи эшон! Арзи дигар низ овардаем... Шоҳ набояд аз он сарфи назар кунанд!
— Бифармо, Демади хушгуфтор!
— Шоҳи бедорбахт бояд огоҳ бошад аз кирдори оташдиҳандагони ҷанг!
— Бале, Демади бовафо! Муроди туро дарёфтам. Ғаразат ин аст, ки Демосфени демократ аз миён бардошта шавад ва дар войизиву суханбозиву хушгуфторӣ рақибе баробар набошад бо ту!
— На, шоҳи дилогоҳ, ғараз ин набувад! Ғараз он аст, ки сабабгори фоҷиайи Ҳеронея андар аҳди шоҳ Файлақуси II ҳамин демократҳо буданд ва дар корзори дирўза низ муттаҳам эшонанд ва дар оянда ҳам гунаҳгори ҳама гуна табаддулоту фоҷиаҳо онон хоҳанд буд..
— Ба пиндори Демад чӣ бояд кард?
— Ялон чӣ кунанд бо душманон?
— Агар рой чунин аст, отиниён бояд Демосфени войиз ва нўҳ нафар саркорони демократро гаравгон биоваранд..
Демади хушгуфтор бозмонд аз сухан, ки чаро шоҳ ин хидматро ба ў фармуд. Муроди Демад он буд, ки Искандар аз Фива якрост ба Отин биравад ва Демосфенро дастгир карда, ҳукми қатл барорад. Чун масъала ранги дигар гирифт, найранг пиндошт. Чун роҳи дигар набуд, пазируфт шартро. Фиристодагон бозгаштанд ба Отин.
Шоҳ Искандар чанд рўзро ба шодмонӣ гузаронд, ки ин рўйдод нахустпирўзийи бузурги ў буд. Берун аз харобаҳойи Фива андар марғи барҳаво хаймаҳо заданд. Шоҳ андар хиргоҳи хеш комронӣ дошт. Беҳтарин духтарони аз савдо боздошта ҳамроҳи шоҳи ҷавон буданд. Баъди набард, тохтутоз, қатлу хунрезиву хунхорӣ, ғоратгариву ситонидани товон, фурўши «ғуломон» хушу гуворо буд шоҳро. Базми Искандарӣ кайҳо шакл гирифта буд: бояд мутрибон бинавозанд, гетерҳойи нозанин бирақсанд, ширинкорони боҳунар бихандонанд тамошобинонро. Бояд базми осмонкаф бишавад; шоҳ аз ҷоми зарин май хўрад ва хубтарин гетери соҳибҷамолро хуш бикунад.

пешина
аз 390
навбатӣ