Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гўё ў ҳама лафзу шарту байъро медонад, ҳарфи изофа сарборист. Бояд сарҳойи фармударо бигирад ва подошу хидматонайи каллабурро бидиҳад. Вале новақт омадани «қаҳрамон»
димоғи шоҳро сўхт. Нафорид ўро чунин ташриф. Шоҳ фармуда буд сарони бародаронро, вале гумон надошт, ки чунин зудгир аст Александр. Пиндошт ў андеша мекунад, қимати сари бародаронро ба тарозуйи ақл бар мекашад ва албатта хулоса бароварда дигар бо Искандар рў ба рў намегардад...
Ў сарони бародарони хеш пеши пойи шоҳ афканданист, вале аз ҷониби пури раббулнавъ амре ё ишорае нест; ҳайрати шоҳ аз ҳайрати ў фузунтар аст. Дигарон илоҷе надоранд ва ё ҳуқуқи дар чунин ҳолат ҳарф задану маслиҳат додан.
Дар гўши Искандар ҳанўз ҳам садойи оҳанг аксандоз аст. Гумонаш, ки дасти Тойис дар дасташ ва пеши чашмаш мечархад.
Бар дўшаш расидани дастеро пай бурду нигарист ба рост. Антипатр буд. Ҳамчунон бар дўши чап расидани дастеро эҳсос карда, нигарист. Пармониёнро дид. Ҳар ду мижа таҳ карданд, то қабул фармояд. Ў сар андохт ва фаҳмонд, то баъди базм равшан кунад ҳамаро. Зеро баройи шоҳи ҷавон ҳама чиз равшан буд. Вале намедонист, ки оқибати ин кор чӣ гуна хоҳад буд. Донистан мехост.
Онҳо ба хулосае наомада Александр зону зад ва саронро пеши пойи шоҳи ҷавонбахт гузошт. Ва сари хешро низ хам кард миёни сарҳо. Искандар ба ҷондорони худ нигарист, то ўро озод кунанд аз чунин дахмаса. Нигоҳаш хашмӣ буд ба ҷондорон, ки ногуфта кайҳо бояд ин корро мекарданд.
Рабуданд сарҳорову Александрро. Ва ў дасту пой мезаду фарёд, ки бояд шодмонӣ бикунад. Шоҳи пирўзро шодбош гўяд... Аммо бурдандаш.
Базм он базм набуд. Хунуку тунук шуд. Гўё ҳама аз оқибати ин фол меандешиданд. Искандар аз тарабхона бурун нарафт.
Ҷондорону ёрон ҳамроҳи ў буданд, ҷом баланд мекарданд ба саодати шоҳи навҷулус...
БаНди ҲАФТУМ
Искандар чун фориғ шуд аз базм, хешро хаста водошт ва бифармуд танҳо бошад. Шароби талхи мардафкани юнонӣ нагирифта буд ўро. Баъди омадану фоҷиъа нишон додани Александри линкестидӣ ҳар қадар май хўрд, ҳушёртар шуд. Коре ки ў кард, ба мағзу сари шоҳи ҷавон намеғунҷид. «Аз чӣ рў?» пурсид дар дил ва мулоҳиза карду таҳлил, ки баройи ҷоҳу ҷалоли ҳокимӣ ё аз тарси ҷон ин корро карда бошад ва ё ба хотири шоҳ? Ва ё Искандар донад, ки қавлу лафзи мардӣ чӣ гуна бояд шавад? Сар мешикаст Искандар, вале намерасид ба таки он.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё