Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зад: «Марде омада ва мегўяд, ки беҳтарин тўҳфаро баҳри шоҳ оварда..»
— Бифармоед, дарояд!
Сархуш буд Искандар ва такпурсӣ накард. Балки аз дасти Тойис дошта арғушт мерафт ва ба мутрибон ишора кард, то оҳанги кўҳистонӣ бинавозанд.
— Ман кўҳистонӣ нестам, шоҳ! – ноз кард Тойиси Отинӣ.
— Медонам. Лекин мехоҳам ту низ донӣ, ки ҳама навоҳо аз кўҳсор бархезад.
Онҳое ки аз тарабхона бурун рафта буданд, осемасар боздаромаданд ва ҳайратзада ба шоҳ нигаристанд. Шоҳ аз таҳлукайи онон парешон гашт ва дасти Тойисро раҳо кард ва ба ишорайи онҳо чашм ба берун дўхт... Оне нагузашта касе ба дар чунон омад, ки дар ягон рўйдоде надида ва нашунида ҳеҷ инсоне. Бисёр шуда, ки сари душманон сари найза овардаанд, аммо чунонашро бори аввал мебинанд. Меҳмонро Искандар шинохт. Ҳарчанд мўйҳояш парешону даққӣ ва саропояш оғушта ба хун буд. Шоҳи ҷавон ўро шинохт. Ў Александри линкестидӣ буд ва дар сари ду найза ду сар бардошта аз дар даромад. Ва авҷи базмро боздошт. Чунон ки бар деги шири дамида як сатил оби сард рехта бошанд. Искандар аз чунин ҳол завқ дошт. Аммо андомаш хашмӣ буд. Худаш медонист вазъи як бому ду ҳаворо. Ҳокимзодайи линкестидӣ аз рўйи аҳд ва сари мардиву мастӣ сари ду бародарро ба нўки найза оварда буд.
Сарҳойи бурида ҳанўз хунчаконанд ва бар андому сару либоси ў мерезанд: Найзаҳо хунолуд, сару тани «қаҳрамон» хунолуда, рўю мўяш хунбаста. Шинохтанаш душвор. Искандар холо равшан накарда, ки ў Александр аст ва ё ҷосусе дар сурати ў. Александр, худи Александри линкестидӣ. Вале девонатар, беҳолтар ва беҳуштар аз он рўз. Найзаҳо лағзиданд миёни кафони мушти ў ва бархўрданд ба замин. Сарони буридаву хунин хамида бар китфони ў баробар шуданд ба сараш. Чунон буд, ки тане се сар дошт: ду сари хунин, кушода чашмони хунгирифта ва як сари хунолуди гаранг. Ҳар се як хел менигаристанд сўйи шоҳи тозаҷулус. Воҳима пахш кард Искандарро. Андарунаш боди сурх ғулғула кард; фарёд заданӣ буд, то сари ин шайтон низ бигиранд... Вале аз ҳаяҷони зиёд шоҳи маст андаке ба худ омад ва ёд овард, ки аҳду паймон дигар буд, ки Александри ҳокимзода бояд сари бародарон биоварад, то худ зинда бошад... Ҳолиё аз хаёлаш андешаҳойи дигар мегузарад ва чунин бародарро нафрат дорад, ки ба хаёли хом чунин карда.
Шоҳ намедонад чӣ муносибат кунад бо ў. Александр чизе гуфта наметавонист чунон ки он рўз. Яқин дарде расида ўро: фармойӣ, мекунад, аммо аз пеши худ коре карда наметавонад. Ба назар ақлу ҳуш бохтааст. Ва ҳоло се сар бар як тан сохта, надонад чӣ кор кунад. Магар нигарони фармон ё амри шоҳ аст, ки на найза аз даст гузорад ва на чизе гўяд. Чашм ба чашми шоҳ дўхта хомўш аст.

пешина
аз 390
навбатӣ