Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандар танҳо монд андар тарабхона. Ҷондорҳоро низ берун карда буд, то халал нарасонанд. Димитриуси табиб хавф бурд аз кори ў ва миёни дегу табақи ошхонайи таббохиён ҷой гирифт, то коре, ҳодисае рух надиҳад бо ў. Вале дер накашид ин ҳол. Ба бўйи зарфҳойи ношуста ва рехтаҳойи сўхта тоқат наоварда, ҷоми зарринро аз бода саршор ва ба як зарб қурт кард. Кафи дастон ба ҳам зад. Ҷондорон омаданд, хидматгузорон омаданд ва Искандар фармуд меҳмони линкестидиро бозоваранд.
Ва то даме ки онҳо ба овардани Александр рафтанд, Искандар ҳамроҳи Биталомус ва Протейи майхора ҷомҳоро моломол карда ба сар кашид ва биандешид, ки сарони хунолудайи баднамойи жўлидамўй сарони бародарони ўянд ва ё ин бадбахт сарони мардони бегуноҳеро гирифта, ба намойиш назди шоҳ овард. Мунағғас кард айши эшонро.
Александри ҳокимзодаро ба замбар андохта оварданд. Гарданаш рўйи китфи рост афтида буд. Искандар биангошт, ки худкушӣ карда. Дар ду паҳлўйи ў сарони бурида буданд ва сўйи осмон менигаристанд. Миёни ду сари бурида сари каҷи бародар гарм буд. Нафас мегирифт. Искандар майли пурсу посух дошт. Чун дид, ки беҳушу беёд аст ва аз ў ҳарфе барнамеояд, ба Димитриус фармуд машғул гардад бо ў. Ва рў овард ба Антипатр:
— Аристандрро биоваред!
Аристандр, коҳини маъбади навбунёди Пелла шаборўз ҳамроҳи роҳиби худотарс дар ҳуҷрайи торики якравзана меистод ва ҳар гоҳ, ки касеро кор меафтод, ўро аз ин хонайи торик бурун оварда, арзу шикояташро дар он ҷо гуфта ва шунида мерафт. Ва ҳоло сарраммоли дар аҳди Пердиккайи III ва аввалҳойи салтанати Файлақус хидматкарда чашмдор набуд, ки ў ба шоҳи навҷулус лозим мешавад ва омада ўро аз ин ҳуҷрайи тангу тор бароварда ба гардунайи шоҳӣ нишонда, ба боргоҳ мебаранд.
Аристандр омад. Ҳанўз ҳам Александр ба худ наомада буд. Чун Искандар ба худ омад, қиссаро бозгуфт ба фолбин ва Александрро намуд. Коҳин фармуд ўро ба хонае танҳо баранд, то баъди чанд муддат таъбир бозгўяд ба шоҳ. Коҳинро бурданд ба ҳарам. Танҳо буд ва гўё бо худоёни юнонӣ розу ниёз мегуфт. Дигарон андар саҳну роҳраву дами дару тарабхонаву кўшк гўё пайку пайғоми мўъҷизаовари коҳинро нигарон буданд.
Искандари ба танг омада Антипатрро фармуд, то дурусттар нигарад ба сарони бурида, ки воқеан сарони бародарони Александр аст ё фан кардааст. Сипаҳсолори чеҳрашинос Антипатр хаму рост шуд, сарони буридаро аз чанд тараф нигарист, сари найза бардошта хуб нигоҳ кард ва сўйи шоҳ сар таконд.
— Бале, шоҳи ҷавонбахт, ин чеҳраҳо рўзи маҷлис ҳамроҳи Александр буданд.

пешина
аз 390
навбатӣ