Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рў нишаста паҳлўйи ў, ки зарурат афтад, малика ёвари писар бошад.
Вале аз он ки сипаҳсолор Антипатр аз паҳлўйи шоҳи ҷавон аст, нафорад ўро. Зеро дар ҳеҷ тоҷгузориву ҷулуси тахт нашуда, ки сегона бошанд. Искандари ҷавон модарро ҳамчун рамзи эҳтиром, ки шоҳзодаро шоҳ гардонида ва Антипатрро баройи он ки агар ў набудӣ, Искандар шоҳ нашудӣ, аз ду паҳлў ҷой дод.
Вале шаҳбонуйи дар ғазаб монанд ба модашер хавф дорад, то аз ҷавонийи писараш Антипатри сипаҳсолор истифода накунад. Искандар болида аст, зиёдтар Олимпиада. Ў чашм чаронад ҳамаро:
сипаҳсолори размдида Пармониёни диловарро, ки ба тозагӣ аз Осиёйи Сағир расида, зеҳннишин карда, ба хотири писаронаш, ки шербасу шерафкану нерўманд метобанд; сипаҳбадонро, ҷондорони шоҳро, ки дар ҷойҳойи шоён нишастаанд ва бештар он марди бо карру фарро. Бори аввал мебинад он мардро шаҳбону, ки духтараки сияҳҷурдайи зебойи шўхчашми беқарор паҳлўяш нишаста. Шаҳбону пурсиданӣ кӣ будани он мардро. Аммо ҷойи суол нест. Ҳама банавбат ба саҷдаву дастбўсийи шоҳ меоянд; аз ҷумла ба шаҳбону ҳам таъзим карда «Муборак бошад!» мегўянд, аммо он мард бо ифтихор нишаста. Духтарак баъзан сар фарогўши ў оварда чизе мегўяд, мард сар меафшонад, вале чашм аз шаҳзодаву шаҳбону намеканад. Шаҳбону зиёд мехоҳад, то донад кист ў? Аз Искандар пурсида наметавонад, аз Антипатр пурсидан намехоҳад. Ба ҳар ҳол зери чашм кард ўрову духтаракро. Марди босалавоти шикамдор магар аз нигоҳҳойи шаҳбону шарм кард ва кам шудани касони ба пояйи тахт рафта «муборак бошад» – гўро мунтазир буд, ки бархоста, аз дасти духтари зиреҳмўйи нозанин гирифта, сўйи авранг омад ва таъзим карда, аз ҷайби хеш бадраеро (чарминхалта) баровард, бар пойгаҳи тахт гузошт ва боз таъзим карду бозрафту барнишаст.
— Кист ў?
Тоқат карда натавонист шаҳбону ва аз паси гардани писараш сар кашида пурсид аз Антипатр.
— Онаниюс, – низ гардан ёзида посух дод сипаҳсолор. Вале Олимпиада чунин номро ёд надорад ва ё баройи ў чизе равшан намекунад. Ин дафъа ба ишорайи сар пурсид:
— Чикора?
— Тоҷири юнонӣ.
Равшан шуд баройи шаҳбону, ки сар такон дод бо кибр. Искандарро кӣ будани ў аён гашт. Вонамуд мекард, ки эътиборе надода.
Аммо ҳаваси ўро духтараки зебойи тоҷир рабуда буд.
— Духтараш? – косайи сабр бишкаста пурсид низ Искандар.
— Бале, духтари боҳунари тоҷир ин аст...
Гарчӣ духтар расида метофт, ноз карда, хешро хурд вонамуда, аз дасти падар дошта мерафт, ки сар диҳад, гум мешуда бошад. Аз пас ҳам чун баррайи ширмаст кишнагар будани ўро пай бурдан душворӣ надошт...

пешина
аз 390
навбатӣ