Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Александр ҳайрон монд, ки чаро шоҳ ин ҳарфро ба ў на, ба Биталомус бо зарда ва ғазаб мегўяд. Ў мешунавад-ку!
Биталомус сўйи ҳокимзода бо сар ишора кард: «Чӣ мефармойӣ?» Ҳокимзода ба ҷавоб мижгон ба ҳам зад: «Қабул».
Ва аммо Биталомус надонист, ки ў ба ҳарфи шоҳ сарфаҳм рафта посух дод ва ё таваккалан. Биталомуси пилтан андаке ҳам шуда лаб ба гўши ў фаро оварда, боз пурсид:
— Ту фаҳмидӣ, ки ў чӣ гуфт?
— Ҳо!
— Сари бародаронатро бояд орӣ!
— Ҳо!
Биталомус дарёфт, ки нафаҳмида чизеро. Ҳайрон буд чӣ кунад бо ў.
Димитриуси табиб омад. Бўйҳойи тез дошт дар димоғи ў, чанд қатра моеъ андохт дар ҷоме ва об ҳамроҳ карду бинўшонид. Ларзиши тани ҳокимзода бозмонд ва дарёфт, ки сард гашта танаш Баъди чанд муддат забони яхбастайи Александр об кушод:
— Шоҳро бигўй, ки ман сарони бародарони худ биоварам...
БаНди ШАШУМ
Ва он рўз чунон буд, ки Ҷамшеди бузург бунёд карда ба номи Наврўз: дар ягон гўшайи осмони Мақдуниё ғуборе набуд аз абру меғ. Дирафши зарди мақдунӣ бар дижи шаҳри Пелла парафшонӣ дошт ва касе аниқ гуфта наметавонист, ки чаро чунин ранг гирифта дирафши Мақдуниё? Аз хоки он? Аз ранги мўйи мардуми он? Аз ғазабу сафро, ҷаҳли зудхези онҳо? Аз фироқи дўстон? Ва ё аз он, ки Мақдуниё нисбати давлатҳойи дигар дертар соҳиби парчам гардида? Ба ҳар тақдир яку ним қарн муқаддам дирафши зарди Мақдуниёро Искандари Аввал парафшон кард. Шоҳ Архелай, шоҳ Пердикка, шоҳ Файлақус низ чун Искандари Аввал ранги дирафшро хуш доштанд ва ҳолиё навбат расида ба Искандари Сонӣ.
Ва он рўзи хуш тоҷгузорӣ карданд Искандар пури Файлақусро.
Искандари ҷавон тоҷи мукаллал бар сар, либоси фохира дар бар биншаст бар тахти мурассаъ. Паҳлўйи ў Олимпиадайи гарданфароз низ аз дебойи чинӣ либоси фохира дошт, пари мурғи бахт-ҳумо зада бар абрўйи муҷаллал. Ҳама бинанду донанд, ки шаҳбону зуд бадал карда либоси мотамӣ ба қабойи модаршоҳӣ. Валекин танҳо ў донад, ки либоси мотамӣ аз баҳри кӣ дошт? Ба марги Павсаний ва ё шоҳ Файлақуси II? Дар замони салтанати Файлақус шаҳбонуро раво набуд паҳлўйи шоҳ нишинад. Чун шаҳбону модари шоҳи ҷавонбахт аст, раво бошад, салтанат кунад. Шаҳбону шоҳи ҷавонро камтаҷриба медонад ва гумон дорад давлатро идора карда натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё