Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Биталомус дарёфт, ки ҳокимзода сухан гуфта наметавонад ва меларзад чу сармозада. Бо вуҷуди он лаълийи ҷомро аз нав дарёзид. Александр медонист, ки ҷомро рабуда наметавонад, дида ба дидайи Биталомус дўхт.
Искандар таъна зад:
— Туро кӣ монда ба муборизаву тарафгирӣ?
Александр вонамуд кард, ки нашунид ҳарфи ўро. Ирода қавӣ гирифт ва қувва ба ҳам оварда, сиву ду рагро таранг кард, то ҷом бардорад ва ошомад агарчӣ заҳр аст. Зеро аз чунин хорие, ки назди шоҳзода дорад, марг авлост. Лаълийи боз пасттар фаровардайи Биталомусро сўйи худ кашидан мехост, то ба даҳон наздиктар бошад, вале шоҳзодайи мисрӣ муроди ўро пай набурда, пасттар дошт, то дасти бемадори меҳмон хубтар бирасад. Ҳокимзодайи ларзон бо дасти чап аз оринҷи дасти рост дошт, то ларзиши он камтар бошад. Ва даст ёзид ба қуввайи дасти чап. Ҷомро каме кашид ва оҳиста аз лаълӣ бардошт. Сахт ларзид дасташ, бозпас гузоштанӣ буд, шарм кард. Гарчӣ ҷойи шарм набуд, сухани кинояомези Искандар сахт расида ўро. Ва намехост хортар бошад назди ў. Дасти чап аз оринҷ лағжонида сўйи панҷайи рост бурд, то боздорад ларзиши дасташро, ки бозӣ медорад ҷомро ва яқин буд бипарад аз даст. Дасташ меларзид ва майи ҷом қатра-қатра, ҷуръа-ҷуръа мерехт...
— Дигарон қатра-қатра ба замин рехта май хўранд, ин хокимзода нахўрда ҳамаашро мерезад... Ё заҳр пиндорӣ?
Хаёле ҳушдор кард арбадайи Искандар ўро, вале нерў набахшид. Худро ҳақир донист ва пушаймон гашт аз омадан.
Ў даст суйи лаълӣ бурд, то ҷоми холиро бозмонад, вагарна он ҳам фитода хоҳад шикаст. Биталомус даст бурд ва гирифт ҷомро. Дасташ ба дасти ў расид, ки сард буд чу дасти мурда. Лаълӣ бозгузошт рўйи миз ва курсӣ пеш овард:
— Бишин!
Александр меларзид ва шарм мекард аз нишастан. Боз чашми зор ба Биталомус дўхт. Ва дар чеҳрайи ў шафқат на, тамасхуре дарёфта, бемадор нишаст бар курсӣ. Зонувонаш сахт ларзиданд.
Дастони ларзон ба зонуйи беқарор гузошт, то бозмонад ларза.
Вале меафзуд ҳаяҷонаш.
— Надидаам чунин касро, ки аз овозайи марг ба д-ин ҳол афтода бошад, – пеш омада гуфт Искандар. Ҳокимзода чашми тазаррўъ ба шоҳи ҷавон дўхт ва сар ҷунбонд: «На!»
— Пас чаро баргосо меларзӣ? Ҳоло ки бод нест.
Ҳокимзода боз дида сахттар дўхт бар ў ва натавонист посух бидиҳад. Сар ҷунбонд. Искандар нафаҳмид. Сафро кард:
— Ўро фаҳмон, биравад ва сари ду бародарашро пеши мо орад!

пешина
аз 390
навбатӣ