Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чанд пегас буда, ки падарам ба ободонийи гўру гўрхонайи шоҳи беворис сарф карда.
— Ай шоҳи ҷавонбахт! Ман баройи шунидани чунин ҳарфҳо наомадаам... Аминта баҳона буд, то назди ту оям. Омадам, то гуноҳи писарони ҳокими Линкестидаро пўзиш кунӣ.
— Писарони ҳоким ҷойи пўзиш надоранд. Эшон ба куш ҳукм шуда!
Александр як қад парид, дилаш ларзид ва танаш суст шуд.
Вале худдорӣ кард, то ранги рўяш асрори ниҳониашро ҳувайдо насозад. Лаҳзае пеш Искандар «ба Аминтаат бигўй» гуфта буд ва Александрро умеди зиндагӣ пайдо гашт. Вале баробари шунидани «эшон ба куш ҳукм шуда» дасту дилашро аз зиндагӣ шуст...
Ва Искандар ба сипоҳиву муғамбирӣ мезад хешро, ки ҳолати ў намебинад. Биталомуси мисрӣ мушоҳида мекард ҳамаро. Вале чун мақсади роҳ равшан набуд, шоҳзодайи мисрӣ низ намедонист чӣ кор кунад. Фақат тавонист Александри аз тахдиди марг пас-пас рафтаро боздошта, ҳушдор гардонад.
Оҳиста боздошт Александрро ва ў чун харгўши тарсу дар ҷояш карахт шуд. Ҳатто наметавонист баргашта дорандаро бубинад:
«Чаро омадам?» ҳамин қадар пушаймонӣ кард ва ҳолатро дониста анҷоми корро дарёфт: «Тамом...» Сараш гирифта буд ва намедонист чӣ чора андешад Шоҳи ҷавон чизе намегўяд, пешниҳоде надорад, шоҳзодайи мисрӣ ҳам ба даҳон об гирифта, маслиҳате намегўяд. Сар андохт ҳокимзода, то аз шоҳ чӣ ояд. Дерёз хомўш буданд ҳама. Искандар канор рафт, ба табиб Димитриус фармуд, то аз шароби чошнӣ кардааш ба ҷомҳо бирезад. Табиби вафодор аз шароби юнонӣ ба ҷомҳо бирехт, рўйи лаълийи биринҷӣ пеши шоҳ овард. Шоҳ ба табиб фармуд, то меҳмонро муроъот кунад.
Димитриус лаълиро назди Александри ларзон бурд. Ў сарфаҳм намерафт ба марҳамати шоҳ. Ҳайрон буд. Гумонаш заҳр андохтаанд ба ҷом ва ҳукми куши шоҳ бояд чунин сурат гирад.
Чун роҳи дигар набуд, ҳокимзодайи линкестидӣ даст ёзид сўйи ҷом, вале дасташ ларзид. Баъд ларза ба пояш фитод, сипас андомашро фаро гирифт. Пайдост, ҷомро гирифта сомон карда натавонад. Дасти ларзон бозпас кашид.
— Бародаронат куҷоянд?
Пурси шоҳ ногаҳонӣ буд. Александр бовар надошт, ки ҳаёт идома меёбад. Балки бо ҳамин ҷоми ёзида риштайи умри ў канда мешавад ва аз хусуси бародарон ҳарфе ба миён нахоҳад омад. Ў сари гарони хешро бардошта шоҳро посух гуфтанӣ шуд, натавонист. Сараш вазнин, танаш сангин ва забонаш кулўлайи андар даҳон ноғунҷон буд. Ба назар фалаҷ пеш омада.
- Пули ночиз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё