Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва аммо Искандарро сахт расид рафтори тоҷир: таҳқир донист, ҳарчанд намедонист, ки бадра чӣ дорад. Вале тоҷир будани ў аз чизи даруни ҳамён дарак медиҳад. Шоҳи ҷавон, ки ҳоло ба чунин корҳо одат накарда буд ва аз таълимоти мактаби Арасту бурун нарафта, сахташ расид. Аз фишори андешаҳо сурх шуд. Чун ҷойи ғазабу сафро набуд, ҷунбида монд.
Арастуйи кабир низ дар маросими тоҷгузорӣ ҳузур дорад, бетараф вонамуд мекунад худро. Ба Искандар чунон менамояд, ки ў ҳама чизро дар ойинайи чашмаш сабт мегардонад, то рўзе ба кор ояд.
Гулафшонӣ шуд ба сари шоҳи ҷавонбахт. Олимпиада сиришк мерехт аз шодӣ. Искандар он чӣ андеша дошт дар борайи тоҷиру духтараш ва устодаш Арасту аз сар парид. Садойи карраной, дуҳул ва сурной ҳамаро пахш карда буд. Шоҳи ҷавонро аз росту чап Олимпиада ва Антипатр бардоштанд. Искандар сабук бархост ва қадаме аз гаҳворайи салтанат пеш гузошт ва зери садойи карраною сурной ва гулафшониву тангапошӣ равон шуд сўйи тарабхона, ки бояд базми асосӣ он ҷо мешуд. Искандар ба чизе эътибор надод:
ба хоставу бастайи одамон, ба бадрайи чармийи Онаниюс гузошта, ба табрику дастафшониҳойи хушомадгўён, ба ҳеҷ чиз. Шояд дар назар дошта буд, ки сомонгарони он чизҳо ҳастанд.
Духтари навраси Онаниюс пешопеши шоҳ ба рақс даромад ва ақлу ҳуши ҳамаро рабуд. Чунон мерақсид, ки гўйӣ оҳанг аз вуҷудаш бархезад; ҳаракот ва пойкўбиву дастафшониаш мутобиқ аст ба ҳавойи оҳанг, ки умре тамрин карда бошад; домони кашоли ў гоҳи гирд гаштанаш санги осиёро монад. Даҳон кушодану хандидану сина ҷунбонидани духтар аз андоза бурун дилрабо буд.
Шоҳи ҷавон намедонист чӣ бикунад ба ивази ҳунари волойи ў.
Беқарор буд. Илоҷ меҷуст ва пиндошт, ки шоҳ ҳасту кўтоҳдаст.
Андешид, ки тоҷиру духтарашро касе ба базм нахонда бошад ҳам, хеле омода гашта ва бо азме омадаанд ба боргоҳ... Ва гўйӣ илоҷи корро ёфт: як мушт тангае, ки модараш чун гарди хазина ва эҳдо ба ҷайби ў андохта буд, бозгирифт ва чашми модарро хато карда, ба сари раққоса пошид. Пошид, то духтар бинад ва донад, ки шоҳи ҷавон эҳтиёҷе ба ҳамёни зари падари ў надорад.
Аммо духтар ин зарпоширо подоши ҳунару хидмати хеш дониста таъзим кард сўйи шоҳи ҷавон чунон ки гоҳи бадра ба пояйи тахт гузоштан падараш сар андохта буд.
Касе сар хам накард баройи тангаҳо ва Олимпиада машғул буд дар сўҳбати тоҷир, надид тангаафшониро. Дар маросими тоҷгузорӣ ва тараби шоҳона гўё ду кас барор дошт: Онаниюси тоҷир ва духтари ў.
— Чӣ ном дорӣ, духтар?

пешина
аз 390
навбатӣ