Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин чизро ба инобату эътибор нагирифт шоҳи худкому худрой. Балки духтарашро дод ба ў, то рўзе гургзода гург шавад ва гўспандони рамаро бидарронад. Шоҳзодайи таълимдида андар академи Арастуйи номдор бурдбор буд ва сабурӣ пеша карда, ки об набарад санги вазнинро. Вале ҳар сухан, ҳаракот, нигоҳ, таънаву киноя, нештар ва дархосту тамаъи эшонро сабт карда андар зеҳнаш, то фардо ба чӣ кор ояд ва киро чӣ расад. Вазни ҳар войизу мунодӣ, низомӣ, сипаҳбаду сипаҳдору сипаҳсолорро ба кафаҳойи тарозу андохта, бо ақлу зеҳну фаросати ҷавонийи хеш бар кашид. Дарёфт, ки бозиҳо сода набудаанд. Дар гирдоби нигоҳу ақли ў афтод ҳама чизу ҳама кас. Ва низ донист, ки худ аз гирдоби хусуматҳо берун набуда. Акнун бояд аз ин гирдоб раҳид ва гўйи сабқат рабуд. Вагарна гирдоб хўрад сарҳоро набурида. Ў суханрониҳойи Антипатр ва Файлотусро бори дигар аз зеҳн гузаронд ва самимияти онро дарёфт ва дил пур гирифт, ки андар паси ин даъвоҳо ва суханрониҳо нерўе ҳаст чун сипаҳсолори размидаву корзордидаву варзида Пармониёни бузург. Аввал худованд – Зевси барроқ пуштибони ўст, пасон Пармониёну сипоҳаш. Агар кор ба хубӣ анҷом напазирад, шамшер кор кунад. Вале чун худоёну бузургони юнонӣ мададгор нашаванд, аз дасти ёрони ҷавони ў
– Гарпалу Неарх, Биталомусу Пердикас, Эргию Гефестион чизе наояд. Ёрон паҳлўйи шоҳзодаанд, баробари ў ташвиш доранд, андеша мекунанд ва чашмдоранд, то чӣ фармояд шоҳзода.
Вале шоҳзода гирифтори андешаҳойи хеш аст. Толори фароху барҳаво, ки аҳли маҷлис дар як гўшайи он дуру дароз суханронӣ мекунанд, баройи ҷавлони шоҳзодайи хушзеҳну хушақл ва равнақи андешаҳойи ў тангӣ хоҳад кард.. Мехоҳад бурун равад, на бо сухан, таънаву бунёдкуниҳо, лобал зарби шамшер ҳал кунад масъаларо. Андеша дорад, то биншинад бар Бусефали бодпой, бибардорад шамшери гарони ахиллиро, ҷавлон диҳаду шамшер бар теғи офтоб дорад, то акси хуршед бар чашми душманон зада кўр гардонад. Шамшери тез қалам кунад танҳоро, бипарронад сарҳоро... то донанд, ки шоҳӣ чӣ гуна шавад ва зарби шамшер чун. Давлатдорӣ ба интихоби ашрофзодагону сарони ҳарбия мўътамад аст ва ё ба зарби шамшер? Чунон ки намояндагони ду тараф кашокаш доранд ва бо сухан доғи лаънат бар пешонийи якдигар часпонидан мехоҳанд, касеро ба мурод нарасонад. Шамшер бояд кор кунад ва фараси ҷангӣ ва сипоҳи диловару вафодор... «Баъд, ҳамааш баъд... Аввал бояд нишаст бар тахти шоҳӣ ва тоҷ бар сар ниҳод...» Вале линкестидиҳо чунон бурҳону далел оварда сухан мегўянд, ки падари Искандар дудаву дудмони эшонро барҳам зада бошад:
— Амри тасодуф як бор мешавад! – садо баланд мекунад Александри линкестидӣ. – Кўр асояшро як бор гум мекунад! Вақте ки Файлақуси II бар маснади шоҳӣ нишаст, баҳона он буд, ки Аминта валиаҳди Пердиккайи III кўчак аст ва аз ўҳдайи идора кардани давлат ва ҳимояйи мамлакат намебарояд, бояд холи ў Файлақус аз номи шоҳзодайи хурдсол давлатдорӣ бикунад...

пешина
аз 390
навбатӣ