Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳоло ки асилзода Аминта бузург шуда, ҳилаҳойи шаръӣ ва баҳонаҳо бояд аз миён бардошта гарданд! Бояд Аминта шоҳи фармудайи кишвари Мақдуниё бошад!
— Ба фикри шумо, Аминта шоҳи Мақдуниё дониста шавад ва Искандар императори имерияйи андар нимҷазирайи Балкан офаридайи Файлақус!? – садо баланд кард Антипатр.
— На! Падари Искандар ҷуз сарое вайрона чизе надорад ва ў бо амри тасодуф ба чунин мартаба расида!
Сахт расид чунин сухан Искандарро. Даст бар қабзайи шамшер бурд. Чун аз худ рафта буд ва пеши чашмонаш сиёҳӣ дошт, намедонист чӣ кор карданро. Гарпал муроди ўро пай бурда, каф бар дўшаш ниҳод, то ба худ ояд ва пичиррос зад: «Сабур бош!
Бузургтар аз сабр шуҷоате набувад».
Искандар гардан тофт ҷониби ў ва сар афшонд. Дар дилу мағзи сараш андешайи дигар дошт. Ва донист, ки сарзанишҳову сахт гуфтанҳойи падар чизе набуда пеши чунин мағалу сақат гуфтанҳойи мардуми бегона. Аввалин бор бо касоне рў ба рў шуд, ки баройи манфиати хеш талош доштанд ва чунон буд, ки тайёранд чу даррандагони хунхору бузург фурў баранд камзўру хурдаконро. Вай гумон надошт, ки бо чунин душвориҳо, хориҳо ва таҳқиру ҷонибдориҳо кас ба мурод бояд бирасад. Инсон омода ҳаст ба ҳама чиз ва ҳама умр ҷон гаравгон мегузорад ба умеде ва шавад, ки барад ва шавад, ки бозад. Ҳолиё Искандар ҷони хеш гаравгон кардан нахоҳад, касеро хушомад нагўяд, балки зўру тавон ба кор бурданист...
Ғалмағал боло гирифт ва Искандар яқин кард, ки ҳамин замон низомиён дастон ба қабзайи шамшер баранд ва коре шавад ношуданӣ. Искандар барҷаҳиду бар миз баромад, шамшер биохту боло кард. Ҳама хомўш буданду ҳайрон. Искандар чун дарёфт, ки аз рўйи эҳсос карда ин корро сурх шуд ва гўё аз шарм ба ёронаш фармуд, то бурун раванд. Ва бурун рафтанд. Искандарро ҷойи андеша набуд. Пиндошт, ки аз рафтори ноҷояш ҳамагон дар шигифт монданд ва ҷойи истиҳолаву таъхир нест, амал бояд кард. Ба назараш ҳоло маҷлиси аъёну акобир масъалайи интихоби шоҳро вогузошта, ба таҳлили одоби шоҳзода гузашт: «Искандар аз дудмони шоҳон набувад!» садо омад ба гўшаш. Карахт гашт лаҳзае. Диққат дод ба ёронаш, ки низ садо шунидаанд ё на? Онон кару гунг метофтанд ва чашм ба даҳони шоҳзода доштанд, то чӣ фармояд. Искандар низ нигарон буд, то аз дўстон чӣ барояд. Чун ҳарфе набуд аз эшон, бинишаст бар Бусефал ва биронд сўйи кўҳ, аммо дур нарафт. Чун ҳама ёрон бар асари ў асб меронданд ва яке ҳам нияти бозгардонидани ўро надошт, бозистод ва фаромад аз фарас.

пешина
аз 390
навбатӣ