Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро ҳеҷ яке аз писарон ба падар нарафта чунон ки Искандар. Ў ҷавон аст, валек аллакай лашкаркаш шуда. Ёд доред, ки шўру исёни Иллирияро фурў нишонд, балвойи юнониёнро хомўш кард ва чунон ки медонед, гоҳи барҳаёт будани шоҳ Файлақус наҳзати барбарҳойи кўҳистониро пахш карда, мавзеъро ба номи хеш
– Искандарӣ ниҳода буд...
— Шўҳратхоҳиаш аз он рўз равшан буд, ҷаноби сипаҳсолор!
– аз миёни толор касе фармуд ва Искандар он марди зардинамўйи серришро зери чашм кард, азбаски ашрофу асилзодагонро кам дида ва корафтода нашуда, нашинохт ўро. Ва аммо Антипатр дар посухаш маълум кард, ки ў кист:
— Ҷаноби Александр! – хитоб кард ў ва ба Искандар хуш наомад, ки чаро номи ўро мегирад. – Ба ҳама равшантар аз рўз аст, ки шумо аз тухмайи одамони бошарафед. Княззодайи вилояти Линкестида. Хуни тозаатон маҷбур месозад, ки чун ҳама асилзодагон ҳақиқатро ҷонибдор бошед, вале фаромўш набояд кард, ки касе аз ҳақиқат нагурехта. Чунон ки медонед, Файлақуси II шоҳи пазируфта ва маҳбубулқулуби мардуми нимҷазирайи Балкан, ба вижа, халки Мақдуниёву Юнон буд. Мо чӣ ҳақ дорем, ки валиаҳди қонунийи шоҳро ғайриқонунӣ гўем?
— Шумо шунидед, ки ман ўро ғайриқонунӣ гуфта бошам?
– бархост Александри Линкестидӣ ва оҳанги минбар кард, то сухан гўяд, вале чун писари сипаҳсолори номдор Пармониён
– Файлотус ҷой дар минбар дошт, имкон надод, ки Александр пешдастӣ кунад.
— Антипатр дуруст мегўяд!...
— На! Шумо хойинед! Косалесед! Лаганбардоред! Баройи нафъу нафси хеш мегўед ин ҳарфҳоро! Вагарна ман медонам, ки ҷояш ояд, аввал шумо мекобед гўри шоҳзодаро! – ин садойи бародари Александри линкестидӣ буд, ки ўро ҷонибдорӣ мекард.
— Аминта валиаҳд аст, на Искандар! Як бор ба фиреби Файлақуси якчашма афтидем, бас аст! – Таҳқир аз ҷониби бародари хурдийи Александр буд ва Искандар зери назар дошт, ки чаро се писари амалдори линкестидӣ баробар часпиданд ба ў. – Аминта писари Пердиккайи III бояд худро шинохта бошад ва донад, ки фирефта холаш ўро! Агар ҳолиё тухми шоҳийи хешро кишт накунад, бесамар хоҳад монд! – фармуд худи Александр.
Файлотус писари бузурги Пармониёни сипаҳсолор сурат гашта буд сари минбар. Ба Антипатр менигарист, теғи чашм мекард ба Искандару ёронаш ва намедонист чӣ гўяд.
Ва шоҳзодайи валиаҳд Искандари тезхуну ҳушёр лаб зери дандон мушоҳида дошт ҳамаро ва нафрин мекард падарро, ки бо чунон ғаддорӣ, хунхорӣ, ҷаббориву қаҳҳорӣ нобуд насохта кирми пояйи ин дарахти бузург – пури шоҳи Мақдуниё Пердиккайи III Аминтаро. Ин кирм зери пўсти дарахти сабз даромада, шираашро макида, хўрда, кирмғўч карда, хушконда, аз реша барандозад.

пешина
аз 390
навбатӣ