Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Хобгузорӣ кардед?
— Оре. Муъаббирон, ситорашиносон таъбир карданд. Ҳар ранг гуфтанд.
— Ин хоби ҳарранга набувад, шоҳ. Як кўҳ, як Офтоб, як шоҳ ва таъбир бояд яке бошад.
— Чӣ гуна бошад? – беқарорӣ кард.
— Дар олам аз Қоф бузургтар кўҳе нест ва аз Офтоб рўшантар сайёрае... Ҳар дўйи ин ба шоҳ насиб карда... оё муъаббирон чунин таъбир накарданд?
— Оре, чунин гуфтанд.
— Боз чӣ гуфтанд, шоҳ, пинҳон надоред?
— Гуфтанд: шоҳ ба бузургӣ расад ва пеши роҳаш рўшнойӣ.
— Ва боз?
— Ҳамин қадар.
— Таъбирашон дуруст аст, шоҳ. Яъне шоҳи фурўзонбахт ба баландтарин нуқта расанд ва корашон бобарор бошад ва Офтоб дар хоб зан аст. Шоҳ бо зане ҳамсар гарданд, ки зани занон бувад: доно, бофаросат, зебо, хушандом. То замоне, ки шоҳ бо ин зан ҳаст, баланд равад, аз ў писар ёбад ва пояш пўлодин, танаш рўйин, теғаш гузаро, суханаш бурро шавад. Ва рўзе ки ин занро хор дорад, пояш чўбин, танаш мўйин, суханаш лакнатдор, теғаш дамгашта ва сафараш интиҳо ёбад.
Шоҳ Искандар дуру дароз ба андеша рафт: «шояд худашро дар назар дорад ин зан?» Вале наёрист бигўяд ё бипурсад. Ва Барзин ба чеҳрайи ў дида дўхт, то чӣ дигаргуние дарёбад. Парешон шуд шоҳ Искандар ва дар хеш таҳлил кард гуфтаҳойи занро: «Муъаббирон аз боби зан сухан накарданд, чаро ин зан чунин гўяд?»
— Ва он зан ки бувад?
— Надонаме...
— Ва чаро духтар неву зан?
— Баройи шоҳи ҷавонбахт духтар зиёд бувад, дўшизагон ба қадри шоҳ нарасанд ва эҳтиромашонро баҷо оварда натавонистанд. Ва шоҳро зане бояд, ки дар сафарҳо на танҳо зан, балки ёвар, муъаббир, ғайбдон ва пешгўй бошад.
— Магар ҳамайи ин сифатҳо дар як зан ҷой дошта тавонад?
— Агар зани занон бошад, бояд ғунҷойиш ёбад.
Шоҳ Искандари рамузфаҳм чизеро пай бурд ва хомўш монд.
Чашмони махмурашро танг карда ба Барзин нигарист ва рў ба дар овард. Бозистод сари остона, нигарист ба ў ва сар афшонду бирафт.
Барзин аз омадану рафтани ў нисбат ба хеш чизе дарёфт накард: на талабгор будани ўро донист, на меҳрубониашро ва на муроду мақсадашро. Ҳамин қадар донист, ки Маликуррум худбину худхоҳ аст, ба муроди дигарон коре надорад. Алҳол баройи ў ба ҷуз донистани таъбири хоб чизи дигаре лозим набувад... Акнун хаставу бемадор шуд Барзин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор