Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оре, кам... балки набошад, – баройи тасаллойи дили бону гуфт баъди андешайи зиёд ва дар ин муддат магар аз ёдаш ҳарфи гуфтааш рафта буд, ки парешон пурсид:
— Чӣ кам?
Искандар табассум кард, дами ба дарун гирифтаашро сар дод ва сари пой шуда гуфт:
— Онҳое, ки ҳам шоҳ бошанд ва ҳам лашкаркаш.
— Муроди ман ин нест, шоҳ, муроди ман он аст, ки чӣ гуна писар падарро монад.
— Кўтоҳ рафтед, хонум... – «хонум» гуфтани Искандар ба Барзин нафорид, зеро ин ҳарфро бештар ба занони бегона ва унвону рутбаашон пасттар мегуфтанд ва ў аз «бону» ба «хонум» фаромад.
– Ман ба шоҳ Файлақус заррае монандӣ надорам...
— Пас шумо ба кӣ рафтаед? – гўё баройи донистани ҳамин матлаб омада бошад, миёни сухани ўро бурида пурсид Барзин.
— Ба модарам!
Сахт ва кўтоҳ посух дод Искандар ва рафтагор шуд. Барзин дарёфт, ки хато кард ва дар ин боб сухан кардан зарурате надошт, балки шоҳи ҷавонро бояд ситойиш мекард, набардҳойи ўро мегуфт, пирўзиашро пардоз медод... Ва ҳар ду фаромўш карданд, ки Искандар аз чӣ рў ба назди ў омада буд.
— Шоҳо, шумо, ки ният карда омада будед! – ба ёди ў оварданӣ шуд чизеро Барзин. Искандар пойи рафт боздошт. Рў ба дар истод. Чеҳрааш дигаргун шуд ва давр гашт.
— Чӣ ният карда омада будам? – баройи донистани заковат ва ғайбгўйийи бону бозпурс кард.
— Омадед, то аз ман чизеро пурсед ва донед.
— Бале, нияте доштам, аммо фаромўш кардам...
— Ман ба ёди шумо орам.
Искандар бовар накард, аммо худро шукуфта гирифт ва пеш гом зад:
— Бигў, агар рост гўйӣ, ҳама муродат ҳосил гардад.
— Қавли мардона аст?
— Оре, қавли мардона!
— Магар баройи донистани таъбири хоб наомада будед?
Искандар мардона иқрор кард, сар ҷунбонд, ки баройи донистани таъбири хоб омада буд ва ўро дида ҳама чизро фаромўш кард. Барзин низ чун шоҳ хандончеҳр гашт.
— Ва чӣ хоб буданашро низ донӣ?
— Хобро шоҳ дидаанд, на ман...
— На, хобро ман надидаам, коҳине дидааст – маро хоб дидааст:
— Ва чӣ хобе?
— Дида, ки ман бар Қоф шудаам ва ба пешвози Хуршед оғўш кушодаам.

пешина
аз 390
навбатӣ