Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Пурси Искандар чунон буд ба назари Барзин, ки ба падари пурдону ватанпарасташ беэътинойӣ кунад. Аз ин рў оҳанги сухан дигар кард:
— Мегуфт, ки шоҳзода аз падари хеш дилгир буд... Боз мегуфт, ки шоҳзода ҳаваси зиёд дорад ба Шарқ.
— Оре, ҳаваси зиёд... – гўйӣ ҳамин нукта хушаш омада таъкид кард, пасон афзуд: – Аз падарат пурсида будам бисёр чизҳоро.
Ў донишманд буд, бисёр бурҷу бораҳоро медонист, одамонро медонист. Барбарийи онҳоро гуфта буд, аммо инсондўстиву меҳмонавозиашонро нагуфта буд...
Барзин вонамуд кард, ки идомайи сухани шоҳро гўш надорад ва «барбарҳо» гуфтани ўро дар хеш таҳлил кунад: «Назари бад дорад ба мардуми Шарқ... Ин ҳарфи падари ман набувад...» Садойи Искандар ўро ба худ овард:
— Ту агар духтари ў ҳастӣ, бисёр чизҳоро бояд донӣ.
— Ман духтари ў ҳастам, шоҳзода, вале маълумам нест, ки шоҳзода чиро донистан хоҳанд.
Миёни абрўвони Искандар гиреҳ зад. Ғазаб дар чеҳрааш танид, андар пўсташ нағунҷид:
— Замони шоҳзодагиам гузашта, бону, ман шоҳ ҳастам!
— Омурзиш мепурсам! Падарам ҳамин зайл шуморо «шоҳзода»
ном мебурд, дар хотирам монда... Лекин ба некӣ ёд мекард, – баройи сапед кардани хеш идома дод ва ба назар Искандарро хуш омад: – Мегуфт, ки дар дунё писаре, ки ба падар монанд бошад, кам пайдо гардад, Искандар писарест, ки ба падар рафта...
— Чӣ гуна!?
Худдорӣ карда натавонист Искандар пиндошт, ки бад бошад, зеро ў чандон хешро ба падар монанд намедонист ва бештар модарро дўст медошт. Ва Барзин ба оҳанги нарм гуфт:
— Ҳам шоҳ, ҳам лашкаркаш.
Аз чунин посухи Барзин Искандар ба андеша рафт ва дерёз чизе нагуфт. Пасон чин пайдо шуд андар ҷабинаш, хаёле абрўйи чапаш парид, то алвақт гумон дошт, ки ў дар ин дунё ба касе монанд нахоҳад буд. Ҳоло ки ҷавон аст, дар баччагиаш низ чунин мепиндошт ва ба ягон ҳамбозиву шариконаш имкон намедод, то пирўзтар аз ў бошанд. Мулоҳиза кард, ки Барзин дуруст гўяд:
«ҳам шоҳ, ҳам лашкаркаш», аммо монанд ба касе набувад. Падари якчашмаву безебу абўҷаҳлаш нафрати ўро меовард; бад медид.
Вақте баройи Искандар азиз шуд, ки мурд ва тахту бахт чун меросхўр ба ў насиб кард ва миёни мардум худро ворису ҷойнишини шоҳ Файлақуси II донист... ва баъди маснаднишин шуданаш дар ин бора андеша ҳам надошт. Ҳолиё ин бону оташҳойи хомўшу фурўнишастаро доман занад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор